Матбуот – як пораи таърихи миллат

Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Садриддин Айнӣ

Вақте ба дарозои таърих назар меафканем, мебинем, ки ин сухани абарустод Садриддин Айнӣ дар бораи рӯзнома ва шаҳомату бузургии он рӯз аз рӯз маъниву мазмуни тоза ба худ касб мекунад. Дар воқеъ рӯзнома барои ҳар қавму миллат забону шиносномаи эшон аст. Чун маҳз дар рӯзномаву маҷаллаҳо ҳаёт ва набзи ҷомеа маълум мешавад. Маҳз нашрияву маҷаллаҳо сабаб мешаванд, ки мардум бо аз хубу бади замон воқиф шаванд. Маҳз матолиби нашрияҳост, ки ҷомеа худро бо маънавиёт таъмин месозаду дар ҳаллу фасли масъалаҳояшон дар намемонанд. Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд, ки: “Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд”.

Боз ҳам таъкид мекунем, ки рӯзномаву маҷаллаҳо бо инъикоси набзи ҷомеъа, навгониву рӯйдодҳои ҳаёти ҳаррӯза, фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар матолиби иттилоотиву таҳлилӣ дар рӯшду пешрафти ҷаъият нақши муассир доранд. Зеро ҳар матлабе, ки дар матбуоти давраи чоп мегардад, метавонад барои хонанда роҳи дурусти ҳаллӣ масоили мавҷударо бозгуӣ кунад. Ба ҳамин хотир имрӯз дар ҳаёти муосир фаъолияти рӯномаву маҷаллаҳо ба таври густурда ба роҳ монда шудаасту барои дастрасии онҳо дуконҳои махсуси фурӯш ба истилоҳ киёскҳо дар хизмати сокинон мебошад.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки матбуоти даврӣ рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ, ташаккули афкори созанда, тарбияи насли солиму хештаншинос бо муваффақият адо намуда, дар таҳкими ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми амиқ ва шоиста гузошта истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки матбуоти тоҷик дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои маънавии миллиамон - забон, адабиёт, оину фарҳанг ташаккул ва рушд ёфта, ҳатто дар нигоҳдории ин арзишҳои миллӣ саҳми бориз дорад. Бешак матбуотро як пораи таърихи миллат меноманд. Бар гирифта аз ҳамин нукта бояд таъкид намуд, ки маҳз матбуот аст, ки таърих ва бурду бохти онро дар худ таҷассум мекунад ва ба ояндагон ба мерос мегузорад. Донишмандону маррихон маҳз аз ҳамин хотир рӯзномаҳое чун “Бухорои шариф”, “Овози тоҷик”, “Шӯълаи инқилоб” ва ғайраро дар саргаҳи омӯзиши худ қарор дода, ба воситаи матолиби онҳо мехорҳанд, ки дар шинохти саҳифаҳои норавшани таърихи халқамон нақши муҳим гузоранд.

Чуноне гуфтем, имрӯзҳо низ хизмати матбуоти даври беш аз пеш зоҳир шуда, хонандагону дӯстдорони матбот ҳар шумораи нашрияҳои чопиро беқаророна интизор мешаванд. Бахусус шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон макони ҳамешагии теъдоди зиёди хонандагони нашрияҳои чопист.

Шафқат Аминов

Бунафша Абдуллозода,

матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: