Конститутсия - бахтномаи миллат
Нашр шуд 2018-11-05 16:49
Имрӯз соати 10:00 дар ошёнаи сеюм, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавар таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор, доктори илмҳои педагогӣ Мирализода Абдусалом Мустафо мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро дар бораи Конститутсия ва ҷалб намуда, нақши Конститутсияро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, А. Мирализода зикр намуд, “Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, ки санади тозае таҳия ва қабул кунад, ки дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ, зарурияти муайян ва ташкили сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, қабул намояд, ки он ҳам Конститутсия муаррифӣ гардид ва санади асосӣ шинохта шуд”.
Ҳамчунин, дар идомаи суханронӣ Директори Китобхонаи миллӣ А. Мирализода илова намуд, “Дар саҳифаҳои аввали Конститутсия ҳангоми қабул ва эълон намудани он чунин омадааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.
Бояд ёдовар шавем, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 –уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми соҳибтамаддуни тоҷик пазируфта шуда, қабул гардид. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон гардид”.
Баъдан, суханрониҳои Некрўз Сафарзода устоди факултети Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Намоянда аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хайём Амонов, суханронии сардори шуъбаи Матбуоти даврӣ Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ва сардори шуъбаи адабиёт доир ба Фарҳанг ва ҳунар Нуқра Аҳмадова шунида шуд.
Омодасоз: Фарзонаи МИРЗО