Ҳамнишинӣ бо китоб
Нашр шуд 2017-08-18 22:22
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ин нобиғаи фарҳанги миллат, шоири тавонову олими беҳамто ва донишманди закиву марди фозил фармуда:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад бе музду миннат устоде,
Зи дониш бахшад ҳар дам кушоде.
Ин чор мисраъ шояд замоне гуфта шуд, ки Ҷомии бузургвор мехост назараш дар бораи китоб ва мутолиаро хеле кутоҳу возеҳу рушан баён дорад. Шояд ин суоле аз кадом шогирду муридаш буд, ки андешаи устодро дар бораи китоб мехост бидонад. Шояд ҳоло ин нукта чандон муҳим нест, чун муҳим он аст, ки мо ба дарки комили мутолиа ва китоб бирасем.
Дарвоқеъ, шахсе, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст, шабеҳи дарахти пурсамарест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро лаззати дигар мебахшад.
Китоб ганҷи бебаҳо, манбаи дониш, дӯсту ҳамсуҳбат, омӯзгори беминнат ва роҳибу чароғи маърифат мебошад. Шахси китобхон бошад, ҳамеша дили зиндаю бедор дорад. Девони ганҷинаҳои бебаҳои ниёгонамон, оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт нақл мекунад, ҳамчун чароғи рушноӣ дар шаби зулмот,барои роҳнамоии насли наврас ба меърос гузошта шудаанд
Муҳаббату эътиқод ба китоб, рў овардан ба китоб, ин аз хирадмандии инсон дарак медиҳад. Шахсе, ки ғайр аз китобҳои дарсӣ ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул аст, суханронӣ, роҳу равиши кору рафтораш ҳамеша дар мазони ақл баркашидаву дар чорчӯбаи адаб макон дорад.
Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Китоб ёри беғаразу мададгори инсон маҳсуб меёбад. Мавлоно Биноӣ дар ин бобат чунин фармудааст:
Ҳамнишине беҳ аз китоб нахоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Боиси шукр аст, ки Худованд ба мо сарваре дода, ки заковатманд, фарҳангдӯсту олимпарвар. Як талоши мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ аст, ки дари он ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон боз аст. Дар ин хазинаи маърифат миллионҳо адад китобҳои гуногун бо чандин забон интизори хонандаанд.
Толорҳои мукаммалу муҷаҳҳаз, пайваст будан бо олами маҷозии Интернет ва имкони мутолиаи китобҳои электронӣ ва ғайра аз ҷумлаи шароитҳое мебошанд, ки дар ин боргоҳи маърифат фароҳам омадааст.
Пас ин ҷурми мо ҷавонон аст, агар узви ин Китобхона набошем, аз чунин шароитҳои хуб фаровон истифода набарем. Роҳи моро китоб равшан мекунад, китоб аст, ки дари иззатро ба рӯйи инсон боз месозад.
Раҳимова Шаҳло,
шуъбаи маркетинг
ва менечменти
фаъолияти китобдорӣ