Дарҳои бози Китобхонаи миллӣ

Аслан ин дарҳо чун саҳфаи хонои китоб ҳамеша бозанд. Мантиқан ҳам дари китобхона дари ҳамешабоз бояд бошад.
Вале соле ду маротиба рӯзи маҷозии “Дарҳои боз” гузаронида мешавад ва ҳадаф ҷалби бештари мардум ба ин боргоҳи маърифат аст.
Аз мардум даъват мешавад сар ба хирмани китоб фурӯ баранд, то донаҳои ҳикмат бичинанд.
Дар ин ду рӯзи Наврӯз Кибтохонаи миллӣ ҷавлонгоҳи аҳли маърифатро мемонд. Садҳо нафар аз он дидан карданд ва бо раҳнамоии кормандони масъули Китобхона вориди толорҳои хониш, намоишгоҳҳои китоб шуданд ва бо шароити китобхона аз наздик ошно шуданд.
То ин замон, ки ин матлаб навишта мешавад, теъдоди касоне, ки дар ин ду рӯз вориди Китобхона шуданд, аз 5 ҳазор нафар афзуд.
Аксҳое, ки ҳоло мебинед, баёнгари ин гуфтаҳоянд. Ин аксҳо ҳамагӣ чанд лаҳзаро дар бар мегиранд. Дар ҳолест, ки ин гуна лаҳзаҳои нотакрор хеле зиёданд, ки аз дурбини аккосӣ берун мондаанд.
Меҳмонон аз нақли роҳбаладон чизҳои зиёдеро дар бораи Китобхонаи миллӣ фаҳмиданд, чизҳое, ки то ин замон аслан намедонистанд. Ба онҳо имкон дода шуд то бо низоми кори Китобхона аз наздик ошно шаванд ва бо ин васила баъзе шубҳаҳои худро дар мавриди ҷузъиёти хизматрасонӣ барҳам зананд. Зеро имрӯз китобхона бо шеваҳои муосир ба хонандагонаш хизмат мерасонад ва ҳолате пеш намеояд, ки хонанда мунтазири китоб соатҳоро сарф кунад.
Онҳо ҳамчунин донистанд, ки ҳар китоб ҷойи худро дорад ва ҳар соҳа барои худ толори хониш дорад, ки хонанда китоби мавриди назарашро ба осонӣ аз он метаовнад пайдо ва мутолиа намояд.
Ба меҳмонон нақл карда Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 бошад, Китобхона мақоми миллиро дарёфт кард. Бо гузашти ҳудудан 80 сол бинои собиқ ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. Ин буд, ки 4-уми сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд. Ва баъди панҷ сол дар арафаи Наврӯзи соли 2012 боз ҳам бо ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави китобхона расман ифтитоҳ шуда, бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Ҳамчунин ба меҳмонон дар бораи бинои нав ва теъдоди китобҳову толорҳои хониш маълумоти муфассал дода шуд. Зикр гардид, ки бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дорад. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши хазинаҳои китоб, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шуда аст. Ва имрӯз хазинаи умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 6179338 нусха маводи чопию электронӣ ташкил медиҳад.  Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷумла, 25 толори хониш бо 1458 ҷои нишаст барои хонандагон мавҷуд аст.