Касе ба иштибох рох додааст бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст бахшида нахохад шуд!!!
Филми мустанади “Хиёнат” як оинаеро мемонад, ки тамоми зишткориҳои аъзоёни нохалафи пешину кунунии ташкилоти терористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломиро ба мардуми кишвар дубора бозгӯ мекунад. Ҳар фард баъди тамошои ин филми мустанад дубора дарк мекунад, ки наҳзатиёни ношукру хоин ба қадри бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳеч гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад. Ҳадафу мақсади ниҳоии онҳо ҳамеша истисмори омма, сӯиистифода аз боварии мардум, иғвоангезӣ ва бегонапарастӣ мебошад. Ҳамин мақсаду ҳадафҳои нопоку бадашон боис аст, ки онҳо ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид.
Дар воқеъ ҳар бинанда баъд аз тамошои филми “Хиёнат” ба пуррагӣ ба амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиён ошно мегардад.Чун ин филм саросар аз бурҳону далел рӯи навор омадааст, моро бовар мекунанд, ки аъзоёни ТТЭҲНИ (ташкилоти терористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом) аслан дар бораи Ватан ва ватандорӣ ҳуқуқи сухан карданро надоранд. Чун амалҳои ваҳшиёнаи аъзоёни ТТЭҲНИ собит месозад, ки онҳо аслан ҳеч вақт дар фикри оромию ободии Ватан набуда, пайваста баҳри розӣ кардани хоҷагони худ ба вайронкорию сиёҳ кардани кишвар машғуланд.
Заҳмати омодасозони филми “Хиёнат”-ро бояд ҳар як бинанда қадр кунад. Зеро ҳар тамошобин баъд аз тамошои филми “Хиёнат” дар афкори худ ҳисси бад дидани душманони миллатро бедор карда, меҳру муҳаббаташро нисбати Ватан афзун мекунад. Ҳамчунин тамошобинон баъди дидани ин филм симои аслии наҳзатиёнро бо далелҳои раднашаванда мешиносанд.
Бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар дар замири хеш ҷой кунад, ки амалҳои ваҳшатбори аъзоёни ТТЭҲНИ нобахшиданӣ ва нафратоваранд. Зеро онҳо дар тамоми фаъолияти хоинонаи худ дар валангор кардани Ватан, пароканда намудани аҳолии кишвар ва гуреза намудани шаҳрвандон саҳм гузоштаанд. Онҳо ҳамеша чун душмани рақами яки миллати тоҷик ба тамоми пешрафту дастовардҳои мо ҳасудӣ нишондода, ҳамеша баҳри он мекӯшанд, ки миллатро пеши дигарон паст зананду номи тоҷикро назди дигарон сиёҳ созанд. Вале чуноне ба мо маълум аст, ки ҳамеша тири ношуди онҳо бахато рафта, ҳамеша ба сари худашон мезанад. Табиист, ки онҳо ҳамеша баробар бо сиёҳ намудани дигарон худашон сиёҳ мешаванд.
Филми “Хиёнат” аз он зовия диданаш барои шаҳрвандони кишвар муҳим аст, ки он инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон – хоинони Ватан, бахусус Кабирию тарафдоронашро барҷаста ифода мекунад. Бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ ҳар шаҳрванди кишвар муваззаф аст, ки хоинони миллатро дуруст шиносад ва донад, ки аъзоёни ТТЭҲНИ ҳеҷ гоҳ дар пайи ободиву оромии Ватани мо набуда, ҳамеша ҳадафи аввалин дараҷаашон бо фиребу найранг мардумро ба роҳи хурофоту бегонапарастӣ даъват намудааст.
Бунафша Абдуллозода
мутахассиси шуъбаи
матбуоти даврии КМТ.