Қабл аз зӯҳри имрӯз дар толори “Ошёни булбулон” бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бо иштироки журналист, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, нахустнаттоқи Телевизиони Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ, Рафоат Абдусаломова доир гардид.
Салима Раҷабова - муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ аз гузаштаву имрӯзи меҳмони маҳфил нақл кард. Вай гуфт, ки Рафоат Абдусаломова аввалин бонуи наттоқ дар телевизиони кишвар буд ва имрӯз ҳам аз дӯстдоштатрин шахсиятҳои суханвар ба шумор меравад.
Рафоат Абдусаломова ба ҳозирон аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш, рӯзҳои аввали ба фаъолияти телевизион нақл намуд. Вай аз ҷумла гуфт: ”Соли 1959 нахустин барномаи телевизиони тоҷик пахш гардид. Ба ман муяссар шуд, ки барномаи аввалинро ба бинандагон пешкаш намоям. Ва саломи аввалин низ маҳз аз ҷониби ман ба бинандагон гуфта шуда буд. Агар ман даҳ сол ба ҳайси наттоқ кор карда бошам, боқӣ сӣ соли дигар ҳамчун эҷодкор дар телевизион фаъолият намудаам. Лекин то имрӯз ҳар ҷое маро бинанд ана наттоқ гуфта муроҷиат мекунанд. Ман аз ин муроҷиат ифтихор мекунам ”.
Дар ин маҳфил ҷамъе аз суханварон, донишмандон, ҳунармандон, ҳамкорону шогирдони Рафоат Абдусаломова ширкат доштанд. Нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф Бахтиёр Муртазоев, журналистон ва наттоқони шинохтаи телевизион Баҳром Сайфиддинов, Гавҳар Умарова, Мусаллама Мухторова, Эмомалӣ Тоҳиров, Шавкат Муҳаммадиев, Мунаввара Усмонова, Моҳрухсор Сафиева аз зумраи меҳмонон буданд ва зимни суханрониҳои худ дар бораи Рафоат Абдусаломова, солҳои ҳамкориашон бо ӯ, маҳорату истеъдод ва барномаҳои ҷолиби вай нақлҳои шавқовар карданд. Маҳфиле буд, ки ҳамагон гузаштаро ёд карданд ва саҳфаҳои хотироти гузаштаи худро бо муаллима Абдусаломова варқгардон намуданд.
Бахши дуюми маҳфил аз сарояндаи бомаҳорат Моҳрухсор Сафиева буд, ки бо таронаҳои тозаэҷоди худ хотири ҷамъовадагонро шод намуд. Ҳамчунин хонандагони фаъоли мактаби таҳсилоти умумии № 37 шаҳри Душанбе дар ин маҳфил шеърхонӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки 3 - юми октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро муаллима Рафоат Абдусаломова ба забони тоҷикӣ ба тамошобинони оинаи нилгун пешкаш намудаанд.
Аз соли 1959 дар Телевизиони «Тоҷикистон» ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шўъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду нумўи телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.
Рафоат Абдусаломова солҳои зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.
Бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои СССР» сарфароз гардидааст.
Рафоат Абдусаломова муаллифи 3 китоб «Телевизион ойинаи зиндагист», «Наттоқ чеҳраи телевизион», «Телевизион ва психологияи инсон» мебошанд.
Фарзонаи МИРЗО