Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ДОНИСТАН ХУБ АСТ

Садаи Х1- и мелодӣ дар Димишқ ва Бағдод таомули аҷоибе вуҷуд дошт. Одамон баъзан гурўҳ-гурўҳ дар растаҳо, майдонҳо ҷамъ мешуданд. Қисме бар тан ҷомаҳои сурхи коғазин доштанд ва аз рўи ин ҷомаҳо зуд шинохта мешуданд. Онҳо одамони адолатҷў буданд.

***   ***   ***

           Соли  1351 дар ҳаёти сокинони шаҳри Маскав навигарии муҳиме ба вуқўъ омада буд. Ҳамон сол ба туфайли пайдо шудани коғаз аввалин грамота - муоҳидаи писарони Ивани Калита дар коғаз сабт гардид. То ин давр пергамент (пўст) истифода мешуд.

***   ***   ***

          Дар Аврупо соли 1716 бори аввал дар Фаронса пулҳои коғазин ба муомила баромада буданд. Аз ҳамон давра сар карда баровардани пулҳои коғазин  ба дигар мамлакатҳо паҳн гардидааст.

***   ***   ***

          Якумин машинаи коғазбарориро, ки меҳнати дастии одамонро иваз кардааст, соли 1798 франсуз Луи Робар ихтироъ карда буд.

***   ***   ***

           Дар давраи ҷанги русу ҷопон (солҳои 1904-1905) сарбозони Ҷопон камзулҳои коғазин пўшида буданд.

***   ***   ***

           Чандин сол қабл мебелсозони Прага (Чехославакия) ба баровардани мебелҳои коғазини пурбардошт ва хеле зебо машғул буданд. Вазни ҳар яки ин курсиҳо 260 грамро ташкил медод.

***   ***   ***

           Ихтироъкорон дар Олмон навъи коғазеро ба вуҷуд оварда буданд, ки таркиби вай аз ресмонҳои ниҳоят маҳину борики шишагӣ иборат буд. Ин гуна коғаз ба ҳарорати балантарин тобовар буда, ба гузаронидани қувваи барқ роҳ намедод. Онро коғази шишагӣ меномиданд ва онро дар навиштани хатҳои махсус ва анҷоми изоляторӣ истифода мебурданд.

***   ***   ***

           Дар собиқ давлати Шўравӣ ҳар сол барои истеҳсоли коғаз беш аз 400 миллион кубометр чўб омода мешуд. Фақат як дастгоҳи коғазбарорӣ ҳар дақиқа 350 метр ва дар зарфи рўз қариб даҳ вагон коғаз мебаровард.

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.