Вожаҳои низомӣ дар “Шоҳнома”
Нашр шуд 2018-12-13 14:46
Китобе, ки ҳоло ба мутолиаи шумо пешкаш мешавад, “Вожаҳои низомӣ дар “Шоҳнома” ном дорад. Муаллифи он донишманди тоҷик Сулаймон Анварӣ буда, соли 1994 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Ношир ба ин назар аст, ки “луғати низомӣ аз масоили таҳқиқнашудаи забоншиносии форс-тоҷик ба шумор меравад” ва муаллиф “бо назардошти аҳамияти ин мавзуъ ба вижа дар забоншиносии тоҷик, бо гирдовариву таҳлилу таҷзияи вожаҳои низомӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ камари ҳиммат баста ва ин рисоларо фароҳам овардааст”.
Имрӯзҳо ҷамъе аз донишмандони тоҷик барои табдили номҳову унвонҳои ҳарбӣ дар забон талош доранд, ки ибтикори шоистаест. Ва аз пешниҳодҳо ҳам метавон дарёфт, ки гунаҳои тоҷикӣ ва ё баробариҳои истилоҳоти ҳарбии имрӯз дар забони тоҷикӣ бештар аз “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ гирифта шудаанд ва бидуни шак “Шоҳнома” саропо аз истилоҳотест, ки замоне артишдорон истифода мекарданд.
Шакли электронии китобро ин ҷо мегузорем, умедворем донишмандону пажӯҳишгарон аз он истифода хоҳанд кард.
Дарёфти “Вожаҳои низомӣ дар “Шоҳнома”.