Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама
“Дастнависҳо сарчашмаи таҳқиқоти таърихӣ ва фарҳангӣ”. Гулчине аз мақолоти ховаршиноси маъруфи Фаронса, узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон Франсис Ришар, ки ду сол пеш дар Душанбе чоп шудааст. Франсис Ришар 3 декабри соли 1948 дар шаҳри Порис дар хонаводаи таърихнигори маъруфи асри 20 Жан Ришар дида ба олам кушодааст. Аз ховаршиносони шинохтаест, ки таълифоти зиёде дар мавриди дастнависҳои форсӣ дар китобхонаҳои Фаронса дорад. Борҳо ба Тоҷикистон омадааст, дар чандин ҷаласоту нишастҳои байналмилалии ховаршиносӣ ва маросимҳои таҷлил аз шахсиятҳои бузург ширкат ва суханрониҳо доштааст. Аммо бори аввал аст, ки як китоби
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», фестивале, ки аз соли 1944 арзи ҳастӣ дорад, имрӯз, 2 апрел оғоз градид. Ин ид бо ташаббуси нависандаи рус Лев Кассил арзи ҳастӣ намуда, то пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи он бо навбат таҷлил мегашт. Тавассути баргузории ин фестивали
Китобу китобдорӣ аз қадимулайём хоси мардуми донишманд, фарҳангдӯст ва эҷодкор буд. Аҷдодони мо дар кашф ва эҳёи китобу китобдорӣ ва донишпарастӣ аз пешсафони замони хеш будаанд. Мақоми дастовардҳои аҷдодони мо дар қатори донишмандони давраҳои гуногуни таърихӣ густурдатар ва арзишмантар ба чашм мерасад. Аз ҷумла, дар пайдоиши нигору хат, китобу китобхонаҳои нахустин, ки асосан дар минтақаи будубоши ориёитаборон, яъне аҷдодони гузаштаи пурифтихори мо арзи ҳасти намудаасту ба хислати кашшофии онҳо алоқаманди дорад далели равшани гуфтаҳои мост.
Дар асрҳои миёна мардуми донишпарасти мо ливои пешсафиро ба дараҷаҳои баланди замони худ расонида буданд, ки аврупоиён
Имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин масъала аз иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Ба ин масъала дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Андешаҳои директори Муассисаи давлатии «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон», дотсент Қурбоналӣ Буризодаро дар ин робита пешниҳоди хонандагон менамоем.
- Баҳое, ки Сарвари давлат ба китобхонаҳо доданд, арзанда буд.
Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон» ва «Баҳористон» гардидааст.