китобхона

РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА. ШУКЎҲИ СУХАН. Ёде аз Мӯъмин Қаноат, ки ду сол пеш дар ҳамин рӯз даргузашт

Суханваро, сухане соз кун ситорашукўҳ,

  Ки ҳар сухан на ба гардун барад сухандонро.

                                                                   Раҳии Муайирӣ

Устод Мўъмин Қаноат замоне ба арсаи адабиёт қадам ниҳод, ки таҳаввулоти бунёдӣ ва фарогире дар ҳама бахшҳои дастгоҳи бузург ва муназзами адабиёти Шўравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, ба таври ҳадафманд, пайгирона ва барномарезишуда

Елена Печерская дунёи дигар аз олами рангини Норинисо

Одамизод пас аз марги шахси наздикаш бо ҳар роҳу восита ашёву инсону маконеро, ки ба пораи дили талафдодааш вобастагӣ дорад, девонавор меҷӯяд. Пайвандон, дӯстон, либосҳо, китобҳо ва ҳатто онҳоеро, ки аз дидаҳо дур, вале ба дилаш наздик буданд. Бо умеди он, ки шояд роиҳаи азизаш аз ӯ ояду андаке бошад ҳам, хумораш шиканад. Айнан ҳамин ҳиссиёт бо дили лабрез аз таваққуъ, ки мабодо ҳамон бӯи кайҳо гумкардаамон дарёфт мегардад, моро водор намуд то аз пойтахти Федератсияи Русия роҳ пеш гирем. Сӯи бузургзане, ки тӯли солҳои дароз содиқ бар рафоқату дӯстӣ бо Норинисои ширинкаломаш монд…

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Ҳамватанони азиз!

Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. 

Тафреҳ: Шеъри нав аз Нилуфар Воҳидова

 Ғам махӯр, ин имтиҳони навбатиро бигзарем,

Даври андӯҳу замони хастагиро бигзарем.

Бар халоиқ неъмати Холиқ биборад он замон,

Ранҷиши ёрону дилозурдагиро бигзарем.

 

Растаи бозор лаболаб, лек инсоф бенишон,

Ҳиллаи виҷдонфурӯшу қимматиро бигзарем.

Зи ту, устод, моро сарбаландист

Ҷойи зикр аст, ки саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ  ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад.  Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст.

Омўзгор ва муҳаққиқи библиографияшиносӣ

 Соҳаи библиографияшиносии тоҷик баъди солҳои 80-уми асри ХХ рў ба инкишоф ниҳод. Дар ин давра як зумра муҳаққиқони ҳирфаӣ самтҳои гуногуни библиографияи миллиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардида буданд. Аз ҷумла, шогирди нахустини библиографи тоҷик Раҳимҷон Шарофзода Абдураҳим Раҳимов рисолаи номзадиашро дар Шўрои диссертатсионии ДДФЛ дифоъ намуда, ба ватан баргашт ва ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ оғоз намуд. Дар ҳамин давра муҳаққиқони соҳа аз қабили М. Қосимова, Ҳ. Исомуддинова, Р.О. Талман, Р.Н. Костина. Х.

Страницы