Тафреҳ: Шеъри нав аз Нилуфар Воҳидова
Нашр шуд 2020-05-07 15:43
Ғам махӯр, ин имтиҳони навбатиро бигзарем,
Даври андӯҳу замони хастагиро бигзарем.
Бар халоиқ неъмати Холиқ биборад он замон,
Ранҷиши ёрону дилозурдагиро бигзарем.
Растаи бозор лаболаб, лек инсоф бенишон,
Ҳиллаи виҷдонфурӯшу қимматиро бигзарем.
Шӯҳрату шаъни диёри мо наёбад ҳеҷ завол,
Аз барои нокасоне сархамиро бигзарем.
Пайки афзоиш расад ҳар субҳ бар ошёни мо,
Аз хабарҳои талаф бедоршавиро бигзарем.
Ҳофизи бахти накӯ мастона мехонад суруд,
Нолаи хомӯшу вақти мотамиро бигзарем.
Оби раҳмат гар биборад бар сари мардуми даҳр,
Хушкиву беобиву лабташнагиро бигзарем.
Шабнами субҳгоҳӣ боз ояд ба рӯи сабзазор,
Кишти уммед ҳосил орад, гушнагиро бигзарем.
Ғам махӯр, каф бар дуо бардор, аз ғам бигзарем,
Ҳам зи дасти ёри худ бедодгариро бигзарем.
Булбуло, дар боғи дил аз шеъри Нилуфар саро,
Бо каломи ангубинаш ҳар камиро бигзарем.
Нилуфар Воҳидова
06.05.2020 сол. Соати 14:24. Шаҳри Тула