китобхона

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, 

Ҳамзабонам, ҳаммаконам, қадри ваҳдатро бидон...

Дар замоне матлаби мо ваҳдату эҳё набуд,

Ҳамдиливу хуррамиву растан аз ғавғо набуд.

Изтироб дар сина буду ноумедӣ дар басар,

Ҷуз балову ғадру шар моро дигар савдо набуд.

Шеди оламгир агар анвори худ пошид ба сар,

Шамъи дилҳоро мудом аз буғзу кин маъво набуд. 

 

Истиқлолиятро Ваҳдат пойдор менамояд.

Абрҳои сиёҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ осмони кишвари азизамон Тоҷикистонро фаро гирифта,  мардумро ба муқовиматҳои дохилӣ барангезониданд, ки аз  натиҷааш  зиёда аз 25 ҳазор оилаҳо бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдакони маъсум талхии ятимиро чашиданд. Ва инчунин ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хосса ба махозини илму маърифат хисороти ҷиддӣ ворид гардид. Дар он айём 126 муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ хароб гардиданд ва наздики 120 ҳазор нафар хонандагон 

Шарҳи байти панҷум аз ғазали аввали Девони Бедил...

Шояд дӯстон боз ҳам дар мавриди шеваи гузиниши изҳори назарҳо дошта бошанд, аммо чун мо нусхаи хаттии маҳфуз дар китобхонаи Ризо Ромпурро, ки аз нусахи боэътибор ва дар замони Бедил китобатшуда дониста мешавад, ба асос гирифтаем, тартиби шарҳи абёт мутобиқи он сурат хоҳад гирифт.

Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ,

Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо

Шарҳи байти чоруми ғазали аввали девони Бедил

Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям,

Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо.

МАҲФИЛИ НОЗ ‑ маҳфили висол, маҳфили шарафи дидори маъшуқ. Дар байти қаблӣагарчӣшоир аз хоби ноз сомон кардан суҳбат мекунад ва талаби илтифот дорад, аммо ин ҷо боз ҳам ба ёди маҳфили нози маъшуқвуҷуди хешро бедор ва интизори он дидор мешуморад. Саҳархез будани аҷзо дар ин мисраъ ба маънии бо тамоми вуҷуд интизор будани фурсати васл ва шарафи дидори маъшуқро дар назар дорад, ки дар сурати ибораи БА ЁДИ МАҲФИЛИ НОЗ САҲАРХЕЗ

Шарҳи байти савуми ғазали аввали девони Бедил

Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун,

Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо.

МУҚИМИ ДАШТИ УЛФАТ БУДАН – дар мақоми луфту меҳрубонӣ қарор доштан, ки он ҷойгоҳ муҷиби баҳравар шудани солик ё ошиқ аз иноят ва лутфи илоҳӣ гардад. Яъне, фурсате луфту меҳрубонии хешро дареғ мадор.

ДАШТИ УЛФАТ – водии лутфу инояти маъшуқ нисбат ба ошиқ.

 

Страницы