Адабгоҳи муҳаббат нози шўхӣ барнамедорад,
Чу шабнам сарбамўҳри ашк меболад нигоҳон ҷо.
АДАБГОҲИ МУҲАББАТ – ин таркиб зоҳиран ифодагари маънии манзил ва ҷое, ки таълими ишқ намоянд, маҳсуб меёбад. Ба иртиботи маънии манзури шоир таъбире барои ифодаи моҳияти ишқ аст, ки дар тафсири ҳақиқати риёзат ва машаққат дар роҳи расидан ба муроди дил эҷод шудааст, яъне адабгоҳи муҳаббат он ҷост, ки дарси ишқ бихонанд ва таҳсили такмили худ бикунанд, то бирасанд ба мақоми инсони комил. Ин ҷо ҳосили сухани шоир он аст, ки барои мактаби ишқ шӯхиву тафреҳу шодмонӣ мафоҳими бегонаанд ва андешаву гуфт
Чанд сол қабл бар асоси дархости магистрантони кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин байт шарҳ дода шуда буд. Ҳоло бо дархости бархе аз дӯстон бо таҷдиди назар шаҳри мазкур манзур мегардад.
Ба авҷи кибриё к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Сарвари давлат бо имзои ин санади муҳим як барномаи мубориза зидди коронавирус дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд ва Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст онро дақиқан амалӣ созад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:
Як муҳаққиқи тасаввуф ва орифи машҳури ҳинд ҳазрати Иноятхон дар бораи донишманд ва адиби бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ (1207-1273) сухан гуфта, дар китоби худ «Ирфони овозу садо» таъкид доштааст, ки «осори Румӣ чунон бузург аст, ки касе онро бихонад ва бифаҳмад, дониши тамоми фалсафаи ҷаҳониро мегирад». Дар ҳақиқат ҳам, дар осор ва таълимоти Мавлоно, аз ҷумла дар асари машҳури ӯ «Маснавии маънавӣ»,
Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва мардуми он мардуми таҳаммулпазиру меҳмондӯст, ваҳдатгарову дорои маърифати баланди илмиву фарҳангӣ буда, таърихи ниёгони мо моломоли далелҳои мардонагиву шуҷоатнокӣ, озодихоҳиву ваҳдатофарӣ, муборизаи беамон зидди душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамеша дастгири ҳамдигар дар рӯзҳои душворӣ ҳаёти буда, ҳангоми пайдоиши хатаре ба миллат ва кишвар аз як гиребон сар
Сомонаи Китобхонаи миллӣ саҳифаи вижаи “Мӯъмин Қаноат”-ро ба ифтихори зодрӯзи адиби маъруф ба анҷом расонд ва ҳоло он дар фазои маҷозӣ дар гардиш аст. Ин саҳифа иборат аз сарсухан, тарҷумаи ҳол, муруре ба сори адиби номвар, мақолаву шеърҳо дар ситоиши адиб, наворҳои видеоӣ аз шоир ва пайравону шогирдон, адибон ва мухлисон, қироати ашъори шоир аз дигарон ва албатта, кулли осори шоири маҳбубро дар шакли электронӣ дар дастрасии хонадагон қарор дод.