илмӣ ва тадқиқотӣ

Китоб - интихоб ва хониш

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.

Эмомалӣ Раҳмон  

Муаррифӣ: Китобдори Шоиста Халифаева Ҳукумат Насриддиновна

Яке аз  чеҳраҳои шинохта, донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ Халифаева Ҳукумат Насриддиновна соли 1932 дар ноҳияи Ҳисор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў соли 1950 техникуми  китобхонавии Тоҷикистонро бо баҳои аъло ба итмом расонида, сипас ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1956 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар

 

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Аввалин василаҳои осори хаттӣ: ПАПИРУС

То он ки башар ба сатҳи имрӯзи чопи китоб расад, чӣ марҳилаҳоеро лозим омад тай кунад. Аввалин талошҳо барои навиштани таърих дар девору сангҳо буд, ки намунае аз онро имрӯзиёд дар манотиқи гуногуни олам пайдо кардаву хондаанд. Аммо инсон бо ин иктифо накард, талош намуд осори хаттӣ дошта бошад, то таърихаш аз сол ба солу аз насл ба насл гузарад ва фаромӯш нашавад. Силсилаи мақолаҳои кутоҳе, ки нашр хоҳем кард, аз 

Муаррифӣ: Китобдорӣ шоиста Ритикова Ирина Александровна

Яке аз чеҳраҳои шинохта ва донишманди тавонои соҳаи  китобдорӣ, библиограф ва китобдори шоиста. Ритикова Ирина Александровна 10 июли соли 1955 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.Ў соли 1977 Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷўраев (ҳоло ба  номи С.Айни ) факултаи забон ва адабиёти русро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1977 ба сифати саркитобдори шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи давлатии ба номи А.Фирдавсӣ   оғоз намуда  аз соли 1992 дар вазифаи сарбиблиографи шўъбаи Тоҷикистоншиносӣ адои вазифа намудааст.

Тақвими моҳи июли соли 2020

1-уми июл

60-солагии зодрӯзи Муҳаммад Акрамов (1960), олими соҳаи физика.

75-солагии зодрӯзи Сайфиддин Акрамов (1945), доктори илми филологӣ, профессор, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 
 

Китоби нав: Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷуйҳои илмӣ

 Дар китоби мазкур, ки муаллифи он Шариф Комилзода – Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошад, бахшу зербахшҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат - Эмомалӣ Рахмон», роҳандозӣ намудани корҳои пажўҳишӣ  ва баргузории экспедитсияхои илмиву тадқиқотҳои сотсиологӣ, иштирок дар конференсияву семинарҳои ғоибона илова гардида, мақолаҳои нашргардида тибқи талабот ба илмӣ ва илмию оммавӣ гурўҳбандӣ шудааст.

 

Страницы