илмӣ ва тадқиқотӣ

Аз таърихи пайдоиши коғаз

 Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби  коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли  751 лашкари 

Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад...

 Наврўз биё ба хоки поки Ватанам,
Гулрез намо замину боғу чаманам.
Андар бари ошиқони фархундаи ишқ, 
Ман ошиқи навбаҳору сарву суманам.

 Наврўз (порсӣ: نوروز )-Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврўз бо эҳё

Мукаддамоти наврӯзӣ

 Чанд порчае, ки ҳоло интихобан пешкашатон мекунем, аз китоби  “Одоб ва русуми Наврӯз”-и Ризо Шаъбонӣ, пажӯҳишгари эронист. Ин китоб соли 2008 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва нусхаҳое аз он дар Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, ки хоҳишмандон метавонанд, сари фурсат онро мутолиа намоянд. Ин як пажӯҳише аз таҷлили Наврӯз дар Эрон аст. Вале хеле умумиятҳо бо Наврӯзи Тоҷикистон дорад. Интихобамон ҳам

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад...

«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст»

Эмомалӣ Раҳмон

 

Китобҳои нав: “Физиологияи растаниҳо”

 Китоби мазкур дар доираи ҳамкориҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо кафедраи физиология ва биохимияи рустаниҳои Донишгоҳи Давлатии шаҳри Сант-Петербурги Федератсияи Русия бо тағйироту иловаҳо вобаста ба талаботи илми муосири физиологияи рустаниҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ омода карда шудааст.

Фанни физиологияи рустаниҳо дар қиёс ба илмҳои марбут ба биологияи наботот мавқеъ ва мақоми хоси худро дорад. Фанни

“Меҳвари рушди илми ҳуқуқшиносӣ”

​  Китоби мазкур бо инъикоси дастовардҳои дирўз ва дурнамои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мили Тоҷикистон бахшида шуда, аз саҳифаҳои дурахшону нотакрор, роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихор тайнамудаи факултет, диловарию корнамоиҳои устодони забардаст, олимони шуҳратёр, омўзгорони асил ва дастпарварони содиқи ин кохи муҳташами нуру маърифат ҳикоят намуда, дар он ба наслҳои имрўзу фардо оид ба воқеиати рушди факултети ҳуқуқшиносӣ дар дарозои 70- соли таърих ва хусусан даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти муътамад пешниҳод шудааст.

Страницы