илмӣ ва тадқиқотӣ

Китоб дар масири тамаддун

«Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».

Эмомалӣ Раҳмон 

Моҳи октябри соли 2020

1-уми октябр

70-солагии зодрӯзи Ҳасан Бердиқулов (1950), журналист.

110-солагии зодрӯзи Александр Бернштан (1910-1956), доктори илми таърих, профессор.

110-солагии зодрӯзи Набиҷон Почоҷонов (1910-1988), журналист, мутарҷим. 

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. САНГНАВИШТҲО

​Замони қадим одамон барои навиштани номаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ, таълифи китобҳо воситаҳои мувофиқро ҷустуҷў кардаанд. Якеи ин асбобу анҷомҳо ҳаҷман вазнин бошад, дигаре душворнавису гаронбаҳо будааст.Тахтасанг, тахтачаҳои фузулӣ, мисӣ, сурбӣ, сафолӣ, тактачўбҳо, чўбдаст, пўстлоқи дарахти тўс, барги дарахтони хурмо, рустании папирус, пўсти ҳайвонот ва қоғаз давра ба давра истифода шудаанд. Мардуми Шумери қадим,

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ПАЙДОИШИ КАЛАМ

Калам ҳамкору ҳамзамони осори тасвирию хаттӣ аст. Вай дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку ҳома низ маълум мебошад. Одамони қадим барои тасвиру навишт воситаҳои гуногунро истифода кардаанд ва пас аз най қалам тарошидаанд. Ковокии миёни най ангишт, қурғошим, графит (маъдани сиёҳ) ва ранги хушк мерехтанд.

            Пайдоиши  найқалам ва баъзе хелҳои дигари қалам ба замонҳои хеле қадим мансубанд. Найқалам қариб се ҳазор сол ва пар бештар аз 1200 сол қабл дар истифода буданд.

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ПАЙДОИШИ ХАТ

Хат дар натиҷаи ниёзмандӣ, алалхусус сурат гирифтани ташвишҳои рўзгордорӣ, хоҷагидорӣ,додугирифт, якдигарфаҳмӣ, робитаҳои одамон, қабилаҳо, давлатҳо ба вуҷуд омада, дар раванди инкишофёбии худ роҳи тўлониро тай намудааст. Одамони қадим дар ибтидои ин ҷидду ҷаҳдро аз сангчапартоӣ, гиреҳбандӣ, хатчаҳои мисли лиф ва баъдан сураткашӣ оғоз кардаанд. Ўсули сангчапартоӣ қисман ба тарзи ривоят омада 

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Пайдоиши коғаз

Таърихи коғаз ҳам ба мисли дигар масолеҳи хаттӣ тўлонист. Истеҳсоли он ҳама масолеҳи пешинаро ба танг овард ва шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳқиқотчии рус Н.П. Лихачев навиштааст, ки «аз рўи ривоятҳои интишоршуда коғаз садаи 11-уми мелодӣ аз ҷониби ихтирокори чинӣ Чай-Лун ба вуҷуд оварда шудааст. Инро солноманависони Чин ба асос гирифтаанд. Вале гуфтаҳои онҳо ба якдигар на 

Страницы