илмӣ ва тадқиқотӣ

Бо тақвими нав ошно шавед !

Ҳоло ки сол ба анҷом нарасидааст, шуморо ба тақвими соли оянда аз қабл мехоҳем ошно созем. Ин тақвим бо номи «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тозагӣ интишор ёфт.

Чорумин сол аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  «Тақвими  ҷашн  ва  санаҳои муҳими  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ва акнун аз ин ба баъд он «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида хоҳад шуд.
Тақвиме, ки барои соли 2016 ба тозагӣ таҳия ва нашр шуд, аз ду қисмат иборат аст.  Дар қисми аввал муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2016 омада ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба зодрӯзи арбобони  намоёни  сиёсӣ, давлатӣ,  адабӣ, илмӣ ҷо гирифтаанд.

Фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ Китобхона зарфи нуҳ моҳи соли 2015

Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба мавзўъҳои “3000-солагии  Ҳисор”, “700- солагии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ”, “Соли оила”, «Беҳтарин тўҳфаи устод»: бахшида ба 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нигоҳ ба таърих»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Модари шаҳрҳо»: бахшида ба 3000- солагии  Ҳисори Шодмон, «Адиби ширинкаломи форсу тоҷик»: бахшида ба 700- солагии Мир сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нақш ва ҷойгоҳи оила дар ҷомеа»: бахшида ба Соли оилаи солим, «Нақши китоб дар бунёди оилаи солим»,  «Тақдири хонавода дар ҷаҳони муосир» ва “Подвиг Таджикского народа в годы ВОВ: К -70 летию в

Китобдорон дар бораи Гулназар Келдӣ чиро бояд донанд?

Озода Мирзоева ва Ҷамил Валиев-кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури методию библиографиро аз ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Гулназар Келдӣ омода намудаанд, ки гумон мекунем муфиду саривақтист.

Шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ

Ин Шўъба бештар аз чил сол ба инҷониб амал мекунад ва яке аз бахшҳои муҳим дар Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад. Аз ҷумлаи вазифаҳои Шўъба роҳандозии таҳқиқотҳои илмӣ-назарявии китобхонашиносӣ, библиография, таърихи китоб ва иттилоот буда, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар заминаҳои гуногун ба ҳам мутобиқ мегардонад.
Шўъба вазифадор аст нақшаҳои солона ва дурнамои илмӣ-методиро тартиб диҳад, корҳои маслиҳатдиҳӣ дар масъалаҳои таҳқиқоти дастаҷамъии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монад.

Страницы