илмӣ ва тадқиқотӣ

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табиати  Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13.000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4.500 намуди рустаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кўҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст.
Ҳаёт ва рўзгори беш аз 70% аҳолии кишвар аз истифодаи сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некўаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  267 намуди рустаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба

Сиккаҳои Ҳисори Шодмон

Китобест таърихӣ ва ривоятгари як бахш аз таърихи зиндаи кишвар.
Ҳисори Шодмон  таърихи  қадима дорад   ёдгориҳои таърихии он нишонае  аз  кўҳанбунёдии  ўст.  Яке аз онҳо маҷмааи ёдгориҳои таърихи Қалъаи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор ва маҷмўаи ёдгориҳои таърихии он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнаджоди  ин сарзамин ба шумор меравад. Ҳисор (маънои луғавияш қалъа, мавзеи  атрофаш  деворбаста, диж) зиёда аз 40 ҳазор сол инҷониб ҷойи сукунати одамон аст.
Ин сарзамин ҳанўз дар давраҳои Пешдодиёни афсонавӣ ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро

САЙРЕ БА ТАЪРИХ

Шўъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар сохтори Китобхонаи давлатии Тоҷи­кис­­тон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон) моҳи августи соли 1969 таъсис ёфт. Номи пурраи он – шўъбаи илмӣ-таҳқиқотии китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва таърихи китоб мебошад ва вазифаҳои он низ бар пояи ҳамин ном муайян шудааст. Ин замон пояҳои назарияи китоб­

Такмили 78 ҳазор китоб аз фонди эҳтиётӣ

Дар ҳақиқат, китобу китобхона дар ҳамаи ҳолатҳо анису мўнис, роҳнамою роҳбалад, ғамбарору ғамгусори инсон аст. Вай барои амалӣ гардидани маъниҳои пурраи ҳаёту фаҳмидану дарки пастию баландии зиндагӣ ва фарқ кардани сафедию сиёҳӣ ёрдамчии беминнат аст.
        Китоб беҳтарин пасандоз ва хазина аст ва беҳтарин ҳамнишину пуштибоне, хуштарин василаи  кушоиши дилҳои ғамгин аст ва

Муқаддимаи Камолшиносӣ

Китоби мазкур дар таҳияи муҳаққиқони тоҷик Баҳром Раҳматов ва Идибек Шехимов соле пеш дар шаҳри Хуҷанд интишор ёфт.
     «Муқаддимаи Камолшиносӣ» фарогири муҳимтарин аснод, маълумот ва таҳқиқот дар мавриди рўзгору ашъори Шайх Камоли Хуҷандист. Китоб барои ҳар нафаре, ки дар ҷодаи камолшиносӣ таҳқиқ  анҷом медиҳад, манбае муҳим ва раҳнамое  судманд мебошад.
Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз шуарои бузурги форс-тоҷик буда, дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушода аст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас , таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст.
Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Ал-кашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст.  
Камол пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез

Тазкираи Шуарои Хуҷанд

Китобест аз профессори зиндаёд  Абдулманнон Насриддини Хуҷандӣ. Дар ҳаҷми 512 саҳифа соле пеш дар Хуҷанд ба нашр расидааст.
Марҳум Абдулманнон Насриддин аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони осори адабиёти классикии тоҷик буд, ки хеле бармаҳал дида аз олам баст.  
    «Тазкираи шуарои Хуҷанд»-и ӯ муҳимтарин ва ҷомеътарин таълифест, ки дар заминаи маърифати суханварони Хуҷанд ба қалам омадааст. Китоб дар шинохти мақоми донишмандони тоҷик дар ташаккули илму адаби ҷаҳонӣ, таҳаввули назму насри форси тоҷикӣ, мероси нодири илмӣ- адабӣ, заминаҳои илмӣ дар таълифи таърихи ҷомеи адабиёт ва фавоиди дигар манбаи хеле арзишманд мебошад.
    Китоб барои адабиётшиносон, муҳаққиқони таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳамаи дилбастагони маърифат нукоти тозаву омўхтаниро арза медорад.

 Профессор Абдулманнон Насриддин муаллифи 25

Страницы