Китоби Феридун Ибни Аҳмади Сипаҳсолор, бо номи “Рисолаи Сипаҳсолор” бидуни шак яке аз қадимтарин ровиёни зиндагиномаи Мавлоно Мавлавии Балхист, ки ахиран дар Хуҷанд интишор ёфтааст.
Аз вуҷуди ин рисола хеле пештар сарчашмаҳо хабар медоданд, вале дар Тоҷикистон бо хати имрӯз тоза нашр шуд.
Муаллиф мегӯяд муддати чандин сол муриди Мавлонои Балх будаву аз файзи суҳбат ва дониши вай баҳраҳо бурдааст. Он чизе навиштаааст, худ шоҳиди он буда ва дар нақли Сипаҳсолор пажуҳишгарони осору зиндагии Мавлоно хеле кам афкори зидду нақизро пайдо кардаанд.
Таърихи таълифи ин китоб дақиқ мушаххас нест, вале чун Сипаҳсолор муриди Мавлои Рум буд, яқинан онро замоне таълиф кардааст, ки аз даргузашти пираш муҳлате нагузаштааст.
Бисёре аз муҳаққиқони осори Мавлоно аз ин рисола ба унвони муътамадтарин ...
Ин китоб дар Хуҷанди бостон нашр шудааст ва мураттибонаш мегӯянд чароғи раҳнамоест, ки аз равғани андешаи муаллими бузурги инсоният - Шайх Саъдӣ мунаввар гаштааст. «Достонҳои далангез аз Бўстон»-и Шайх Саъдӣ» барои ҳамагон, чӣ пиру чӣ ҷавон, фоидаҳои фаровон дорад.
Раҳнамои судмандест барои худшиносии инсон ва дарёфту пизириши маърифату ахлоқи нек.
Шайх Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои осораш, аз ҷумла “Гулистон” ва “Бӯстон” ба забонҳои мухталифи аврупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст.
Мегӯянд вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба забони лотин тарҷума шуд, яке аз кашишони масеҳӣ пас аз мутолеаи он чунин тасаввур карда буд, ки ин китоб мутаъаллиқ ба яке аз паёмбарони Бани Исроил аст, ки асараш тоза пайдо шудааст.
Муаллифи китоби “Гулшани тавҳид” Иброҳим Шоҳидии Муғлавист. Ин китоб соле пеш дар чопхонаи “Вектор-Канд”-и шаҳри Конибодом чоп шудааст. «Гулшани тавҳид» - яке аз шарҳҳои марғуб ва хуби «Маснавии маънавӣ»- и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аст, ки дар садаи ХVI мелодӣ ба забони форси тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф аз ҳар дафтари «Маснавии маънавӣ» сад байт баргузида, ҳар байтро бо панҷ байт шарҳ додааст. Дар китоби мазкур зиёда аз шашсад байти «Маснавӣ»-и Мавлоно овардаву тавсир шудаанд. Ин аввалин нашри китоби “Гулшани тавҳид” дар кишвари мост ва ноширон мегӯянд ба умеди баҳрабардории ҳамаи дилбастагони адабиёт ва фарҳанги миллӣ даст ба ин кор задаанд.
Китобдори шинохта, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2, медал¬ҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон, Аълочи маорифи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, узви Шўрои ҳимояи рисолаҳои доктории Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Саидалӣ Муҳиддинов 3 марти соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.
Соли 1977 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсун¬зодаро ба итмом расонида, солҳои 1977-1979 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст.
Ҳабиб Юсуфӣ аз тавонотарин шоирони давраи Шӯравии тоҷик буд. Ҳафтоду як сол пеш, рӯзи 22 феврал, дар зимистони сарди соли 1945 дар хати пеши ҷанг аз тири фашистон ба ҳалокат расид.
Вай зодаи Самарқанди бостонӣ буд. Ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Дар он солҳои мудҳиш самимонатарин таронаҳои меҳанпарастии худро навишт. Шеъри Ҳабиби ҷанговар руҳбахши ҷабҳаву ақибгоҳ буд.