Мавсуф қаламкаши хуб ҳам ҳаст ва диду нигоҳи таҳлилӣ дар масоили баррасишаандаи илмӣ дорад Қариб ки аксари матолибаш фарогири мавзўи китобу китобдорӣ ва умуман масъалаҳои китобхонаҳо мебошад. Мақолаҳои ӯ «Роҳҳои омўхтани захираи китобӣ», «Мутамарказонидани китобхонаҳо ва аҳамияти он», «Тарзи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои хонандагон дар китобхонаҳои оммавӣ», «Услуби баргузории даҳаи «Китоб ва хонанда», «Тарзи ташкил ва
Пергамент дар авҷи инкишофи масолеҳи хаттии папирусӣ ба вуҷуд омадааст. Вай ба муносибатҳои доду гирифти байни Сурия ва Миср алоқаманд буд. Садаи 2-юми пеш аз мелод шоҳаншоҳи Сурия Евмани II дар пойтахти худ (шаҳри Пергам) барои офаридани дастхатҳо харидани папирусро аз Миср раво донист. Вале шоҳаншоҳи Миср аз мақсаду орзуҳои Евман огоҳ шуд. Ӯ нахост, ки шуҳрати китобхонаи Искандарияро аз даст бидиҳад. Бинобар он, ба Сурия фурўхтани папирусро рухсат намедод.
Назаров Тағоймурод Аҳмадович яке аз донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ мебошад. Ӯ 5-майи соли 1955 дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хаткардаи мактаб –интернати № 2 шаҳри Душанбе буда, соли 1971 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил мешавад ва факултаи китобдории онро хат мекунад.
Вай фаъолияти кориашро дар вазифаи китобдори шуъбаи илмию методӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи
Бархе китобшиносиро илм дониста ва бар он исрор кардаанд. Қисмати дигар бошад тарафдори фан буданд. Дар ҳақиқат бояд исрор намуд, ки дар рафти пажўҳиш ва нигоришу омўзиш маълумамон гардид, ки ба чунин зайл андеша кунем: Китобшиносӣ на илм асту на фан, балки омезае аз илму фан мебошад, ки фан дар ин ҷо сабту нигоҳдории китобҳо буда, илм бошад санъати китобҳо аст. Яке аз донишмандони соҳа чунин қайд намудааст, ки «Ҳар илме дар арзи мавзўӣ худ фан ҳасту ҳар фане дар равиши худ илм
Пеш аз он ки дар бораи касби китобдорӣ ҳарф бизанем, бояд аввал дар бораи мафҳуми китоб чанд сухане гуфта бошем. Китоб ин навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам, китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд.
Лўлакитоби папирусии кўҳна дар китобхонаи миллии Фаронса (Париж) нигоҳ дошта мешавад. Ин китоб бебаҳост, он 5500 сол қабл таълиф шудааст. Матнаш дар папирус навишта шуда, дар ғилофи ба худ хос нигоҳ дошта мешавад.
*** *** ***
Қисми зиёди осори қадимаи папирусӣ аз ҷиҳати санаи таълиф ба солҳои 3350-уми пеш аз милод рост меояд.