1-уми ноябр
80-солагии зодрӯзи Людмила Басова (1940), шоира ва мутарҷим.
115-солагии зодрӯзи Исроил Гимелштейн (1905-1990), олими соҳаи педагогика.
120-солагии зодрӯзи Уроқ Раҳимов (1900-1972), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
Дар ҷониби мағрибии шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон вайронаҳои Кампиртеппаи қадим воқеъ аст. Кампиртеппа шаҳри азими давлати Бохтар буд. Бунёди вай ба садаҳои III-II-и пеш аз мелод мансуб аст ва то садаи II-и мелодӣ ободу ороста буд. Барои таҳқиқи ин шаҳри вайронаи кўҳан тобистони соли 1982 ҳафриёти археологӣ гузаронида шуда буд. Заҳмати археологҳо зоеъ нарафт. Онҳо аз зери деворҳои фурўрафта бисёр нишонаҳоро аз рўзгори одамони қадим дарёфт карданд. Дар байни
Садаи Х1- и мелодӣ дар Димишқ ва Бағдод таомули аҷоибе вуҷуд дошт. Одамон баъзан гурўҳ-гурўҳ дар растаҳо, майдонҳо ҷамъ мешуданд. Қисме бар тан ҷомаҳои сурхи коғазин доштанд ва аз рўи ин ҷомаҳо зуд шинохта мешуданд. Онҳо одамони адолатҷў буданд.
*** *** ***
Соли 1351 дар ҳаёти сокинони шаҳри Маскав
Аз ниёгонамон ба мо дар қатори асарҳои бадеӣ боз садҳо асарҳои илмӣ ва адабӣ, ки ба соҳаҳои мухталиф бахшида шудаанд, ба мерос расидааст. Ҳисоби умумии чунин рисолаҳо, дастнависҳо, тазкираҳо, мундариҷа ва гуногуншаклии онҳо ҳоло тадқиқ карда нашудааст. Инчунин дар корҳои илмию тадқиқотии муаллифони тоҷику форс, оид ба тазкираҳо ва дигар асарҳои ниёгонамон маълумотҳои зиёде мавҷуд мебошад. Ғайр аз дастнависҳо ва баъзе асарҳои чопӣ, инчунин асарҳои адабиро дар
“Се соли рушди ҳунару истеъдод” китобест, ки ахиран чоп шуда ва аз фаъолияти сесолаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нақл мекунад. Муаллифон мегӯянд, дар ин маҷмўа фаъолияти гуногунҷанбаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 2017- 2019 гирд оварда шуда, барои сабти таърихи донишкада ва истифодаи ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёну ихлосмандони соҳаҳои фарҳанг ва санъат пешниҳод карда мешавад. Дар сарсухани китоб омадааст: Фарҳанги ғании мардуми тоҷик як ҷузъи таркибии таърихи башарият маҳсуб меёбад. Ин фарҳанги бошукўҳ дар тўли таърих миллати
“Ишқи нотамом” дар жанри повест иншо шуда, аз ду қисм иборат мебошад. Он ҳодисаи воқеиеро дар бар мегирад, ки дар солҳои аввали ҳокимияти Советӣ рух додааст. Онро муаллиф дар овони наврасӣ аз дўстони бобояш шунида, баъдан ҷузъиёташро дар ҷавонӣ аз иштирокдорони ин ҳодиса, аз мўйсафедон - қаҳрамонони аслии ин саргузашт пайгирӣ ва муайян кардааст.
Муаллиф повесташро ба тағояш бахшида ва дар аввали китоб навиштааст: “Ба тағоиям, писари ягонаи модаркалонам - Бобоназар Раҳимов мебахшам, ки якуми июли соли 1941 ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта,