маркетинг ва менеҷмент

Аввалин давраи омӯзишии забони куриёӣ дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расид

Аввалин  давраи омӯзишии забони куриёӣ, ки бо ибтикори  шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба анҷом расид. Баъд аз зуҳри рӯзи 7-уми январи соли равон ин гуруҳ соҳиби сертифактҳо шуданд.
Дар маросими эътои сертификатҳо Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов бо изҳори ташаккур аз устодони ин давраи омӯзишӣ муҳассилинро барои дарёфти

Дидорҳое, ки дар назаранд

Сар аз соли нави 2016 бахши кўдакону наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст моҳе як маротиба барномаи телевизионии “Вохўрӣ бо адибону нависандагони наврас” баргузор кунад ва он аз тариқи шабакаи кўдакон ва наврасони ТВ “Баҳористон” пахш мегардад.
Дар барнома шоирону нависандагоне даъват мешаванд, ки дар бораи кӯдакон менависанд. Дар ҳар барнома тибқи як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии

Теъдоди аъзои Толори хониши кӯдакон ба 4 ҳазору 585 нафар расид

Ин тозатарин рақамест, ки субҳи имрӯз эълон шуд. Яъне, шумори хонандагони фаъоли наврас ва кӯдакон афзуд ва ба 4 ҳазору 585 нафар расид.
Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 бахшеро барои кӯдакону наврасон ихтисос дод, ки имрӯз аз бахшҳои фаъол ба шумор меравад. Ба ин толор, ки дар ошёнаи якуми бинои Китобхона ҷойгир шудааст, асосан кӯдакону наврасони синнашон а 5 то 16-сола ташриф меоранд ва саргарми мутолиаи...

Мағозаи китоб ва нигористони Китобхонаи миллӣ

Мағозаи китоб

Мағозаи фурўши китоб, ки бо ташаббуси роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ташкил шудааст, як маъхази дарёфти китобҳои беҳтарин барои хонандагон аст.
Дар ин мағоза китобҳоро метавон доир ба ҳар соҳа, аз ҷумла ториху ҳуқуқ, забоншиносӣ, адабиёти бадеӣ, тиб, илмҳои дақиқ, равобити...

Анҷоми конфронси байналмилалӣ дар Чин

Конфронси байналмилалие, ки таҳти унвони «Рушди фарҳанг дар чорчўбаи Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз шуда буд, ба анҷом расид.
Дар кори ин конфронс гуруҳе аз кормандони вазорату идораҳои Тоҷикистон Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Узбекистон ва Чин иштирок доштанд.
 Мавзўи конфронс, ҳамчуноне аз ном аш пайдост, баррасии рушди фарҳанг дар чорчўбаи Созмони

Ба тифлон шеваи хониш омӯхтанд

Тифлон дар китобхона. Оё мо метавонем фарзандони худро ба китоб ҷалб кунем? Метавонем дар замоне, ки компютеру ойфону планшету боз садҳо номгӯ аз комёбиҳои илмиву техникии башар таваҷҷуҳи афтфолро ҳам ба худ кашидааст, онҳоро ба китоб раҳнамоӣ созем? Магар метавонад дар замони рушди коммуникатсия китоб боз ҳам барои инсони оянда “аниси кунҷи танҳоӣ” бошад?
Гуруҳе аз тифлакони мактаб-кӯдакистони рақами 

Страницы