маркетинг ва менеҷмент

Тасаввури кӯдаконаи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ба тифлон - ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи Рӯзи Ғалаба пешниҳод шуд. Вазифа он буд, ки атфол тасаввури худро дар бораи Ҷанг ва Пирӯзӣ рӯйи коғаз оранд.
Чун ҳамеша роҳбалади маҳфил мавзуъро фаҳмонд ва чӣ будани Ғалабаро аввал аз худи онҳо пурсид, то дониста шавад, ки мавзуъ то кадом ҳад барояшон ошност.
Сипас, онҳо тасаввури худро дар бораи ҷангу ғалаба рӯйи коғаз оварданд.
Басо рангин буд тамошои дуёни тифлон ва

Китоб ҳикмат ва саодати ҷомеа аст

Даъват ба китоб ва китобхона. Ин миллат бояд як бори дигар руҷуъ ба китоб кунад, зеро наҷот аз ҳар гирифтории маънавӣ маҳз дар мутолиаи китоб аст.
Китоб аст ҳамдами дерин дар вақтҳои дармондагии маънавӣ, китоб аст рушангари роҳи торик, китоб аст беҳтарин рафиқи танҳоӣ.
Ва куҷо бояд онро ҷуст? Ин китоб аст, ки хона дорад ва номи он КИТОБХОНА аст!
Суқроти ҳаким фармуда: “Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори ҳамарӯзааш бошад”.

Даъвати донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ба Китобхонаи миллӣ

Чорабинии навбатии «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» баъди зуҳри имрӯз, 27-уми апрел дар толори Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷамъе аз донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи миллӣ гирд омаданд ва дар бораи Китобхонаи миллӣ ва шароитҳои он маълумоти муфассал дарёфт карданд.
Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов дар бораи ҳадафи мулоқот бо хонандагон ибрози назар...

Назокат Олимзода бо хонандагонаш дар Китобхонаи миллӣ мулоқот кард

Шоираи тоҷик Назокат Олмизода бо хонандагонаш аз мактаби рақами 8 шаҳри Душанбе дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот кард.
Ин вохӯрӣ бо ташаббуси Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ баргузор шуд.
Дар ин дидор Назокат Олимзода  аз ҳаёту фаъолияти эҷодии худ ба хонандагон нақл кард, дар бораи аввалин шеърҳо ва китобҳояш қиссаҳои шуниданӣ ҳикоят намуд. Ҳамчунин аз шеърҳои наву ашъори пешинаш намунаҳо хонд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин ширкаткунандагон, аз ҷумлаи хонандагони боистеъдоди мактаби ёдшуда шеърҳои худро дар назди шоира қироат карданд. Ва бо омӯзгори фанни мусиқии мактаб  Головчанский  Николай  Яковлевич дар васфи Тоҷикистон ва пойтахти азизашон шаҳри Душанбе суруд хонданд. 

Даъвати хонандагон ба Китобхона

Дар доираи чорабиниҳои даъвати мардум ба китоб ва Китобхона субҳи имрӯз кормнадони Шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ вориди мактаб-гимназияи рақаи 9, ба номи Низомии Ганҷавӣ ва мактаби таҳсилоти умумии рақами 11 шаҳри Душанбе шуданд.
Дар суханони муқаддамотии худ сардори Шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов гуфт, ки Китобхонаи миллӣ як боргоҳи бузурги фарҳангиву маърифатист, ки ҳар касе

Тақдими 1600 китоб аз Китобхонаи миллӣ ба як мактаби ноҳияи Варзоб

Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дархости мактаби рақами 46, деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ба китобхонаи ин мактаб 1600 адад китоб тақдим кардааст.  Намояндагони  шуъбаҳои такмили адабиёт, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва маркази такмили истисоси кормандон, ки дар эҳдои китобҳо ширкат доштанд, суханронӣ намуданд.
 Дар маросими тақдими китобҳо бештар аз 400 нафар устодону...

Страницы