маркетинг ва менеҷмент

Намоиши китоб дар меҳмонхонаи Шератон

Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар  меҳмонхонаи  “Шератон” чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Фаридун Азизов ва Барно Самиева  иштирок намуда, дар мавзўи “Дастовардҳои имрўзаи  Китобхонаи миллии Тоҷикистон” намоиши китоб ташкил намуданд.

Замбўруғҳои ҷангалии мо!

Ин бор маҳфили “Дастони моҳир” ба атфол роҳу шеваҳои сохтани замбурӯғро омӯхт.
Замбурӯғ маъмулан аввали баҳор зиёд аст ва он зери тундару борони баҳорӣ нашъунамо мекунад.
Замбурӯғ барои инсонҳо як ғизои хеле хуштамъ ва болаззатест. Гумон намерафт, ки бачаҳо онро надонанд. Дар аввалин суол дар ин маврид посухҳои ҷолиб доданд. Маълум гардид, ки худи истилоҳи замбурӯғ барои онҳо бегона нест. Бачаҳо ҳатто нақл карданд, ки дар хона модаронашон чӣ таомҳои лазизе аз замбурӯғ

Пушкин ва Лоҳутӣ: Чӣ иртиботест миёни ин ду шоири забардаст?

Ин аввлаин суоле буд, ки ҳини ба даст гирифтани китоби «Душе настало пробужденье» ( «Рўхро гахи бедор шудан») дар сарам чархид.
Китоб соли 2008 дар ҳаҷми 240 саҳифа ва ба теъдоди 1500 нусха  дар нашриёти «Вагриус”-и шаҳри Маскав чоп шудааст. Ва ҷолиб он аст, ки китоб бо ду забон аст: русӣ ва тоҷикӣ. Ашъори шоири маҳбуб Александр Сергеевич Пушкин дар қалби Русия бо забони тоҷикиву русӣ интишор ёфтааст ва барои алоқамандони ашъори ин шоири  маъруф туҳфаи беҳтарин метавонад бошад.
Кулли ашъори ин маҷмуъа аз ҷониби шоири дигари маъруф устод Абулқосим Лоҳутӣ тарҷума шудааст.
Ашъори Пушкин ба бисёр забонҳои олам, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ зиёд тарҷумаву нашр шудааст. Ва мутолиаи ин шеърҳо нишон медиҳанд, ки Лоҳутӣ чун устоди назм ва шахси шеършинос

Як даста китоби нав барои атфол ба мағозаи китоби Китобхонаи миллӣ ворид шуд

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҳафтаи равон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол», ки ба таҳия ва чопи рўзномаву  китобҳо барои хонандагони хурдсолу  наврас  вобаста мебошад, зиёда аз 100 номгўи адабиёт  барои атфолро барои фурўш дар мағозаи фурўши китоб  ворид кард.    
Китобҳои ба фурўш гузошташуда аз қабили «Алифбои худомўз» - и Латофат, «Аспи саманд»

Атфол дар маҳфили “Дастони моҳир” ҳамдунача сохтанд

Мавзуъи маҳфили ин ҳафтаинаи “Дастони моҳир” ин бор ғайримаъмулӣ буд. Муаллим дар оғоз аз ширкаткунандагон пурсид, ки мучал чист ва киҳо кадом номи мучалро медонанд.
Соли 2016 соли Маймун аст, ки дар солшумории дувоздаҳгонаи мучал бо номи Ҳамдуна ёд мешавад.
Мувофиқи солшумории қадимаи даврӣ, ки аз рӯйи он ба ҳар як сол номи ҷонвар дода шудааст, соли 2016 номи ҳамдуна (маймун, бӯзина)-ро мегирад,

Страницы