маркетинг ва менеҷмент

Даъвати хонандагон ба Китобхона

Субҳи имрўз як гуруҳ кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои даъвати донишҷуёни курсҳои авали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Китобхона сафарбар карда шуданд.  Дар ҷараёни барнома, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолити китобдорӣ тахрези шудааст, райёсати факултаҳои донишгоҳ кормандонро ба ҳузур пазируфта барои суҳбат оростан бо донишҷуён кумак расониданд. 

Бачаҳо дар толори хониши кӯдакон бо Латофат Кенҷаева мулоқот карданд

Адиби кӯдакнавис, шоираи ширинкалом Латофат Кенҷаева меҳмони толори хониши кӯдакон буд. Ин мулоқот дар дораи барномаи ҳамешагии дидор бо адибони маъруф доир шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 30 нафар хонандагони синфҳои 6-11 аз Литсей- интернати Президентӣ барои бачаҳои болаёкати шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хонандагон асосан ба муаллима аз ҳайёт ва эчодиёташ саволҳо доданд ва посухҳои муфид барои худ дарёфт намуданд.

Тасаввури кўдаконаи манзараҳо ва иду айём дар расмҳои толори атфол

Саъати тасвирӣ аз ҳунарҳои қадимаи халқу аҷдоди мо, тоҷикон ба шумор меравад. Ниёкони мо ҳанўз аз замонҳои бостон тасвири табиат, ҳаёти хонаводагӣ, эҳсосҳои қалбӣ аз қабили ишқу муҳаббат, изҳори самимият ба бузургон ва ғайраро мекашиданд. Деворнигораҳои бостонӣ, ки тўли ин як садсола аз манотиқи гуногун пайдо шудааст, далели ин гуфтаҳоянд.
Тўли ин се соли охир дар маҳфилҳои зиёди ҳунарии толори кўдакон бачаҳо баъзан расмҳои

Пенгвинҳои “Дастони моҳир”

Бале, пингвинҳо ном гирифт мавзўи имрўзаи барномаи «Дастони моҳир».
Бачаҳои ҳушёру зираки мо имрўз хоҳиши омода намудани тимсоли пингвинҳоро намуданд. Муаллима пеш аз оғози барнома ба бачагон оиди пингвинҳо маълумоти бештаре дод ва нақл кард, ки онҳо бештар дар кадом манотиқи олам зиндагонӣ мекунанд ва чӣ сурат доранд.
Пингвинҳо аз руйи сохти тана комилан махсусанд. Болҳои онҳо тангбару кўтоҳ ва белшакл мебошанд, устухони теғаи сина надоранд ва устухонашон аз

Намоиши китоби Истиқлолият

Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар саҳни Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад ва дар он кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо намоиши китоб ҳузур пайдо мекунанд.  Ҳадаф ҷалби мардум ба мутолиаи китоб мебошад.
Аввалин намоиш рӯзи 6-уми август доир шуд ва намоиши дуюм рӯзи 13-уми август. Пагоҳ, яъне 20-уми август он такрор мешавад.

Моҳичаи тилло дар “Дастони моҳир”

Омӯзиши бачаҳо барои сохтани ҳар гуна бозичаҳо ин ҳафта ҳам дар “Дастони моҳир” идома дошт. Мураббӣ ин бор тарзи сохтани моҳичаи тиллоиро омӯхт. 
Аммо чун анъана мураббӣ аввал аз бачаҳо дар бораи моҳиҳо пурсон шуд ва хуусиёти моҳии тилло ва оё он дар ҳақиқат вуҷуд дорад ё на, нақл кард.
Дар ин бора афсонаи омӯзандае аз Пушкин ҳаст, ки пирамарде чӣ гуна моҳии тилло ба шаст меорад

Страницы