маркетинг ва менеҷмент

Ваҳдат дар тасаввури атфол

Имрўз, 24-уми июн командони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар толори хониши кўдакон ва наврасон бахшида ба 19- умин солгарди Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ризои миллат аст» баргузор карданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 35 нафар хонандагони мактаб – интернати №1 ширкат намуданд.
Чорабинӣ бо суханони муқаддимавии Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова

Сайри олам бо Киштии орзуҳо

Дарси имрӯзи “Дастони моҳир” “Киштии орзуҳои мо” ном дошт.
Мураббиёни толори кӯдакону наврасон ин бор хостанд барои атфол дар бораи киштиҳо суҳбат кунанд ва дар анҷом аз онҳо бихоҳанд, то ҳар кадом тибқи тасаввури хеш киштее созад.
Маълум шуд, ки кӯдакон дар бораи киштӣ тасаввурот доранд ва медонанд он чаро барои инсонҳо зарур аст. Ҳатто онҳо медонанд, ки киштиҳо аз рӯйи ҳаҷм дар кадом обҳо шино

“Беҳтар аз дўст” бо ширкати Азизи Азиз

Тӯли ҳафтаи сипаригардида дар толори бахши кўдакон ва наврасон сабти ду барномаи телевизионии «Беҳтар аз дўст» сурат гирифт. Ҳадафи асосии барномаи мазкур чуноне аз номаш пайдост, ошноии кӯдакону наврасон бо дӯсти ҳамешагии инсон, ҳамсафари роҳҳои дур, ҳамсуҳбати ширинзабон ва машваратчии ҳамешагӣ КИТОБ аст. Дар ҳар барнома интихобан як китобе аз адабиёти пурғановати ҷаҳон ва

 

Кабутарҳои маҳфили “Дастони моҳир”: Чаро кабутар рамзи сулҳ шуд?

Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи кабутари сулҳро интихоб кард ва ин бесабаб ҳам набуд. Мо дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва кабутар худ рамзи ҳамин сулҳу ваҳдат аст.
Дар оғоз чун анъанаи дерин муаллим хонандагонро дар бораи номи мавзуъ пурсид ва хост донад, ки бо кабутар ҳама ошноянд ва дар бораи ӯ киҳо чӣ медонанд.
Маълум шуд, ки кабутарро чун рамзи сулҳу оштӣ ва барандаи паёмҳои нек аксарият мешиносанд.

Тасаввури кӯдаконаи гули зебо дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ба бачаҳо омода сохтани гули зебо супориш шуд.
Чун анъана мураббӣ як суҳбати дилнишинро бо ширкаткунандагони хурдсол дар мавриди гул ва намуди гулҳо анҷом дод.
Аз бачаҳо пурсид, ки кӣ номи кадом гулро медонад ва онро кай ва дар куҷо дидааст.
Баъди саволу ҷавоб аз ширкаткунандагон хоста шуд, ки ҳар кас ҳар гули зебо, ки медонад, онро

Чопи “Роҳнамои хонанда”

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо мақсади ҳар чи бештар ошно намудани хонандагон бо шарту шароити Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури тавсиявиро  бо номи “Роҳнамои хонанда” зери назари доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода аз чоп баровард.
“Роҳнамои хонанда” аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо таъриху  қоидаҳои узвият дар

Страницы