маркетинг ва менеҷмент

Даъват ба китоб ва китобхона

Як гуруҳ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо супориши Директори Китобхонаи миллӣ вориди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуданд, то миёни донишҷӯён суҳбатҳо дар бораи китоб ва китобхона роҳандозӣ кунанд.
Ҳайати кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарвари Ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов бо донишҷӯёни факултаҳои гуногуни

Гули ҳафтранги баҳорӣ дар “Дастони моҳир”

“Гули ҳафтранг” аз маъруфтарин афсонаҳост, ки барои аксари кӯдакон ошност. Ин бор дар маҳфили “Дастони моҳир” кормандони толори кӯдакон ин афсонаи шуниданиро  интихоб карданд ва аввал баъди эълон номи афсона аз ширкаткунандагон пурсиданд, ки киҳо онро шунидаанд. Аксарият!
Ва афсона пурра нақл шуд. Аз иштирокдорон хоста шуд тасаввуроти худро дар бораи ин афсона ва қаҳрамонҳои он бикашанд ва ё аз

Дарҳои бози Китобхонаи миллӣ

Аслан ин дарҳо чун саҳфаи хонои китоб ҳамеша бозанд. Мантиқан ҳам дари китобхона дари ҳамешабоз бояд бошад.
Вале соле ду маротиба рӯзи маҷозии “Дарҳои боз” гузаронида мешавад ва ҳадаф ҷалби бештари мардум ба ин боргоҳи маърифат аст.
Аз мардум даъват мешавад сар ба хирмани китоб фурӯ баранд, то донаҳои ҳикмат бичинанд.
Дар ин ду рӯзи Наврӯз Кибтохонаи миллӣ

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ


Силсилачорабиниҳои Китобхонаи миллӣ дар муносибати Наврӯзи байналмилалӣ.
Гузориши тасвирӣ аз ҷараёни таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ. Расмҳо гӯяндаи муҳтавои ин силсилачорабиниҳоянд.

Наврӯз меояд чӣ хуш...

Имрӯздар толори бахши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистонбахшида ба чашни наврўзи байналмилалӣ, чорабинии фарҳангӣдар мавзўъи Наврўз аз нигоҳи кўдакон ва наврасон баргузор гардид.
 Дар чорабинии мазкуранъанаҳои миллии наврўзӣ аз қабили дастархони ҳафт сину ҳафт шин, либосҳои миллии тоҷикӣ ва асбобҳои мусиқӣ банамоиш гузошта шудаанд.
Директори Муассисаи Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар суханронии худмеҳмонону кормандонро ба ин ҷашни фирўз табрикнамуд.Вай аз Наврӯз ба унвони ҷашне ёд кард, ки чун баҳор нафаси сабз дорад ва ин сабзӣ нишон аз ҳаёти сабзу хуррами инсон аст.

“Фурӯғ”-и телевизионӣ наворбардорӣ шуд

Барномаи фарҳангӣ-фароғатии телевизионии «Фурўғ» дар толори бахши кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ шуд. Дар ин барнома дар бораи асари пурмазмуну тарбиявии «Тобистон» - и нависандаи шинохта Пулод Толис сўҳбати хотирмоне баргузор гашт. Дар оғози барнома порчаи телевизионие аз лаҳзаҳои шиносоии каҳрамонҳои асари мазкур Ҳасан ва Қосимҷон намоиш дода шуд. Сипас, барандаи барномаи «Фурўғ» Умед Ҷумаев аз иштирокчиёни

Страницы