маркетинг ва менеҷмент

Атфол дар “Дастони моҳир” ҳавопаймо сохтанд

Вазифаи навбатӣ дар маҳфили “Дастони моҳир” сохтани ҳавопаймо буд. Аслан тифлон ба чархболу ҳавопаймо таваҷҷуҳи хоса доранд. Вақте мебинанд, ки оҳане боло меравад ва ҳатто одамону борашонро бо худ мебарад, хеле шояд ба андеша мераванд, ки он чӣ гуна сохта шудааст ва чаро оҳан мисли парранда парвоз мекунад?
Бо дар назардошти ин созмондиҳандагони маҳфил низ аввал аз атфол ин суолро карданд, ки оё онҳо медонанд ҳавопаймо чист ва ба чи кор

Даъват ба китобхонӣ дар Китобхонаи миллӣ -2

Дуввумин мулоқоти кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз силсилаи даъват ба Китобхона ва мутолиаи китоб дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии миёнаи №1 баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ  зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои 8 – 11 ширкат карданд.
Ба хонандагони дар бораи дирўз ва имрўзи Китобхона,  толорҳои хониш, толори электронӣ,  толорҳои кўдакон ва наврасон, омўзиши забонҳои хориҷӣ маълумоти мушаххас дода шуд.

“Марги судхӯр” дар “Фурӯғ” баррасӣ шуд

Барномаи «Фуруғ”-и толори кўдакон ва наврасон ин бор ба мавзуъи устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд. Устод Айнӣ аз бузургмардони адабиёти муосири тоҷик аст, ки бо асарҳои мондагор ва талошҳояш барои ҷойгоҳи миллату забони он маъруфият дорад. Таҳиякунандагони ин барнома ин бор хостанд дар бораи ин нобиғаи аср суҳбати дилнишин ва шавқоваре дошта бошанд. Ба баррасии ширкаткунандагон, ки аз мактаб-интернати рақами яки

Даъват ба китобхонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Дар мулоқоти «Даъват ба китобхонӣ ва Китобхонаи миллӣ», ки баъди зуҳри дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омузгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, сухан аз китоб буд ва муаррифии бештари Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Мулоқот дар толори фарҳангии Донишгоҳ, ки яке аз калонтарин толорҳои он ба ҳисоб меравад, баргузор шуд ва дар он зиёда аз 300 нафар донишҷуён ва устодон аз тамоми факултаҳо иштирок намуданд. Мулоқотро...

Китобфурӯшии Китобхонаи миллӣ бо китобҳои нав ғанӣ шуд

Мағозаи китоби Китобхонаи миллӣ бо чанд китоби нави ноширони кишвар ғанӣ шуд. Аз ҷумла, аз нашриёти Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик китобҳои «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Наводир-ул-вақоеъ», «Самаки айёр», «Шикифтаҳои бадан», «Сиккаҳои Ҳисори Шодмон», аз нашриёти «Адиб» А. Сўфизода «Ҳазору як рубоӣ», «Шашмақом», Эмомали Раҳмон- «Наврўз-шиносномаи миллат», «Сурудҳои мардумии Кўлоб», Ҷ. Азонзод...

Кайҳон ва инсон: бачаҳо дар бораи аввалин парвоз чиро донанд? (Видео)


Аз хабаре оғоз мекунем, ки ба рӯзи Кайҳонавардӣ ихтисос дорад. Фардо, 12-уми апрел ба аввалин парвози инсон ба Кайҳон 55 сол пур мешавад.
Тасаввури кӯдаконаи кайҳонавардону киштиҳои кайҳонӣ
Дар маҳфили ҳарҳафтаинаи “Дастони моҳир”, ки субҳи имрӯз дар толори кӯдакони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, тарҳи киштии кайҳонӣ супориш шуд. Ҳадаф он буд, ки дониши бачаҳо дар бораи Кайҳон ва каҳонавард санҷида шавад.

Страницы