Даъват ба китоб ва китобхона

Як гуруҳ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо супориши Директори Китобхонаи миллӣ вориди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуданд, то миёни донишҷӯён суҳбатҳо дар бораи китоб ва китобхона роҳандозӣ кунанд.
Ҳайати кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарвари Ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов бо донишҷӯёни факултаҳои гуногуни Донишкада дидор карданд, бо онҳо дар мавриди китоб ва шароитҳои имрӯзаи Китобхонаи миллии Тоҷикаистон суҳбат карданд. Ҳадаф даъвати донишҷӯён ба Китобхона буд.

Чаро даъват?

Гап сари он ки ҳарчанд исми Китобхонаи миллӣ барои ҳамагон ноошно нест, вале теъдоди ками донишҷӯён роҳи китобхонаро медонанд. Тибқи омори ахиран эълоншуда зарфи се моҳи гузашта аз Донишкадаи санъат ҳамагӣ 114 нафар ба узвияти китобхона пазируфта шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин се моҳ аз Донишгоҳи техникӣ 905, Донишкадаи давлатии забонҳо 566, Донишгоҳи муштараки славянӣ 444, Донишгоҳи аграрӣ 342, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 324 нафар донишҷӯён соҳиби корти узвият дар Китобхона шудаанд. Ва ин ба он маъност, ки аз миёни аксари массисаҳои таълимии пойтахти кишвар Донишкадаи санъат теъоди камтари хонандагон дар Китобхонаи миллӣ дорад.
Дар дидор бо донишҷӯён Сармутахасиси шуъба Назира Толибова  аз дирўз ва имрўзи Китобхона ба донишҷуён маълумот дод. Вай дар бораи шароитҳои Китобхона, теъдоди китобҳо, толорҳои хониш, китобҳои электронӣ, маъхазҳои дигар ва иртиботҳо бо китобхонаҳои олам нақл кард.
Мутаххасиси пешбари шуъба Фаридун Азизов дар бораи  шуъбаҳо ва толорҳои намоишӣ  ва доир ба курсҳои забономўзӣ ҳарф зад.
Вай гуфт, ки омӯзиши забонҳо тибқи барномаҳои муосири забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд ва хатмкунандагони давраҳои омӯзишӣ соҳиби сертификатҳо мешаванд.

  Инчунин ба донишҷуён варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.
Гуфтанист, ки дар вохӯрии мазкур донишҷуён аз тамоми шуъбаҳои Донишкада ширкат варзиданд.
Дар поёни мулоқот миёни кормандони Китобхона ва  донишҷуён саволу ҷавоб сурат гиифт ва онҳо дар бораи ин дидор ва нишаст андешаҳои худро иброз намуданд.
Абубакр Аминов, сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣмегӯяд мулоқот бо донишҷӯён ва хонандагон як бахши фаъолиятест, ки шуъба тарҳрезӣ кардааст ва он тибқи нақша сари чанд вақт дар муассисаҳои таълимии на танҳо пойтахт, балки ҷумҳурӣ гузаронида хоҳад шуд.