Ду рӯзи охир барномаи даъват ба Китобхона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мактабҳои № 26, № 34 ва № 70 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ якҷо бо Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардидаанд.
Субҳи рӯзи 7-уми октябр дар саҳни ҳавлии бинои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ оғоз кард. Қарор аст он то 9-уми октябр идома кунад.
Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забон барои атфол дар толори хониши кӯдакони Китобхонаи миллӣ бо ширкати шоири тавонои кӯдакнавис Алӣ Бобоҷон ва Ғанӣ Ҷӯразода субҳи имрӯз баргузор шуд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ баъди хайрамақдам гуфтани меҳмонон дар бораи Рӯзи забон ва таърихи мухтасари эълони ин рӯз ҳарф зад.
Cанаи 29-уми сентябри соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхонӣ дар Муассисаҳои тахсилоти умумии № 7, №10 ва Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардиданд.
Бештар аз 20 нафар забономӯзон баъди анҷоми давраи омӯзишӣ соҳиби сертификат шуданд. Маросими супурдани сертификатҳо субҳи имрӯз бо ширкати Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, директори гўшаи фарҳангии забони куриё дар Китобхонаи миллӣ Шин Наг Кюн ва директори маркази омўзиши забони куриёӣ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Чой Миҳи, сардори маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва
20-уми августи соли 2016 як гуруҳ кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тибқи супориши роҳбарияти Китобхона барои ташкили вохўрӣ бо донишҷўёни соли аввал ва даъвати онҳо ба китобу китобхона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтанд.
Муовини декани факултаи фалсафа, дотсент М. Ҳ. Умедов кормандони шуъбаи мазкурро қабул намуда, барои мулоқот бо донишҷӯён мусоидат