Атфол дар маҳфили “Дастони моҳир” ҳамдунача сохтанд
Нашр шуд 2016-07-28 15:46
Мавзуъи маҳфили ин ҳафтаинаи “Дастони моҳир” ин бор ғайримаъмулӣ буд. Муаллим дар оғоз аз ширкаткунандагон пурсид, ки мучал чист ва киҳо кадом номи мучалро медонанд.
Соли 2016 соли Маймун аст, ки дар солшумории дувоздаҳгонаи мучал бо номи Ҳамдуна ёд мешавад.
Мувофиқи солшумории қадимаи даврӣ, ки аз рӯйи он ба ҳар як сол номи ҷонвар дода шудааст, соли 2016 номи ҳамдуна (маймун, бӯзина)-ро мегирад, ки ин соли нӯҳуми мучал мебошад. Он аз Наврӯзи имсол шуруъ шуд ва дар Наврӯзи соли оянда ба анҷом мерасад.
Шамсиддини Шоҳин фармуда:
Бахти маймуни маро бин, ки фалак чун лӯлӣ,
Медиҳад рақс ба ҳар маърака чун маймунам.
Дар ин чор мисраъ ҳамаи 12 мучал омадааст:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор,
З-он баъд ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
Аз суҳбат бо бачаҳо маълум шуд, ки аксарият номи мучалҳоро медонанд. Ҳарчанд на бо низоми таъиншуда ва тартиби муайян. Вале ба ҳар ҳол медонанд, ки мучалҳо бо номи ин ё он ҳайвон гузошта шудаанд.
Баъдан муаллии маънои калимаи Ҳамдунаро шарҳ дод ва гуфт, ки ин ҳамон маймунест, ки меноманд. яъне, дар забони қадимии мо маймунро Ҳамдуна мегуфтанд. Ва ҳоло ҳам миёни мардум ин ном шуҳрат дорад.
Сипас, бачаҳо тибқи одати маъмул ба сохтани Ҳамдуна пардохтанд ва ҳар кадом тибқи тасаввури худ тасвири як ҳамдунаро рӯйи коғаз овард.