Таваҷҷуҳи Китобхонаи миллӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ
Нашр шуд 2016-02-13 18:14
Давраҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ ва куриёӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоно фаъоланд. То ба имрӯз чандин курси таълимӣ аз анҷоми худ иттилоъ дод ва ширкаткунандагонаш соҳиби гувоҳномаҳо шуданд. Аввали моҳи январи соли равон нахустин давраи омӯзишии забони куриёӣ ба анҷом расида буд ва бештар аз 20 нафар ширкаткунандагонаш баъди супурдани имтиҳон ва муайян шудани сатҳи омӯзиш ва мувофиқати он ба барномаи таълимӣ соҳиби сертификат шуда буданд. Абубакр Аминов, сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, ки ин давраҳои омӯзишӣ зери назорати ҳамин шуъба аст, мегӯяд таълими ҳамаи забонҳои ёдшуда бо ҳамин шева роҳандозӣ шудааст. Яъне, хатми давраи омӯзишӣ муҳим нест, муҳим аз худ шудани барномаест, ки роҳандозӣ шудааст. Яъне, ширкаткунанда метавонад се моҳ дарс омада бошад, вале сатҳи донишаш поин аз барномаи таълимшуда бошад. Дар ин сурат вай наметавонад соҳиби гувоҳнома шавад шавад. Ин вижагии забономӯзӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Ҳар ширкаткунанда ҳавасманд мешавад, ки заҳамоташ ва омадурафташ беҳуда набошад, балки чизе аз он ёд гирад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ як сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистоон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қариб дар ҳар баромади худ ба он таъкид мекунад. Ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам ин тавсияву таъкидҳои Сардори давлатро дар дастури кории худ қарор додаву барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забон даст ба иқдомҳои муассир задааст. Ба омӯзиши забонҳо дар Китобхонаи миллӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ва донандагони хуби ин забонҳо ҷалб шудаанд ва як талаби қатъӣ аз омӯзгорон ҳам ин аст, ки дарсҳо бидуни таъхир дар вақту соати таъиншуда шуруъ шаванд ва бидуни таътил идома кунанд, то вақти донишомӯз беҳуда талаф нашавад. Дар Китобхонаи миллӣ ҳатто барои бачаҳои синни томактабӣ ва наврасон низ давраҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шудааст, ки дар толори хониши кӯдакон, воқеъ дар ошёнаи якум мегузарад. Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд бо ин телефонҳо муроҷиат кунанд: 221-04-10 ва 221-05-73