Дастаи мавригихонҳо дар ҷашнҳои оилавӣ, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, бозору чойхонаҳо ва идҳову хурсандиҳои дигар ҳунарнамоӣ мекарданд. Анъанаи мавригихонӣ ҳоло ҳам дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва қисман дар шаклҳои тағйирёфта дар Панҷакенту Хуҷанд ва Хисору Шаҳринав маъмул аст.
Мавригӣ, мавригихонӣ, силсилаи суруду таронаҳои халқӣ, ки мазмунҳои лирикӣ дошта, қисман бо
Дар адабиёти шифоҳӣ гул рамзи маҳбуба ё маъшуқа қарор гирифтааст. Тавсифи гул чун зебоӣ, хушбўӣ ва назокат бо сифоти маъшуқаҳои нозукандому зебо умумият доранд. Ҳамин муштаракоти сифот боиси намоди маҳбуба қарор гирифтани гул шуда аст. Ҳам дар назми шифоҳӣ ва ҳам дар адабиёти хаттии бадеӣ ба гул муроҷиат намудан, яъне, маҳбубаро гул номидан хитоб намудан маъмул аст.
Гунбазҳо нақшунигори зиёд доранд, ки яке аз дигаре фарқ мекунанд. Дар гунбазҳо аз нақошию кандакориҳои гулпартоӣ, тасвири рустаниҳо, хатҳои мунаққаш, навиштаҷот исифода шудааст. Ин анъана имрӯз ҳам дар меъмории Тоҷикистон идома дорад. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон чойхонаҳо ва имратҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки гунбазҳои пурнақшунигор доранд
Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин ва русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хело бошукўҳ бо оростану перостани хон бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргон–и бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо
Гавҳар, гуҳар, ҷавҳар, марворид, дур(р), 1) моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намуд хои моллюскаҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳарро ба вуҷуд меорад.
Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ,зардча, баъзан сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабўтар мешавад. Гавҳари калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи гавҳар аз нахўд калонтар мешавад. Гавҳарҳои андозаашон хурдро марворид, сурхтоби нисбатан калонашро дурр меноманд. Гавҳарро аз баҳри Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва
Мактаби устод Одина Ҳошим яке аз мактабҳои бузурги фалакхонӣ дар асри 20 мебошад. Асосгузори ин мактаб падари ў устод Ҳошим Қосим (1907–1969) аст. Устод Одина Ҳошим қолаби мактаби ҳунарии авлодиро шикаста, чандин ҷавонони боистеъдоди замонро тарбия кардааст. Одина Ҳошим ба ғайр аз шогирдони хешу табор, инчунин М. Миров, Ф. Ҳасанов, Ш. Қодиров, М. Қадамов, Ҷ. Қадамов, О. Муҳтарамова, М. Ғаниев, А. Раҳимовро тарбия кардааст.
Фалак (ар – осмон), гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии