Борбад дар таърихи мусиқии мардумони эронинажод баробари сароянда, навозанда, оҳангсоз ва шоири сурудсаро эътибори бузург доштан, инчунин ба сифати мусиқидони номвар дар тартибу танзим додани пояҳои назарии он хизмати нотакроре кардааст. Силсилаи «Хусравонӣ»-и ў аз анвои мусиқии устодона шаҳодат дода ва ин таснифоташ таҳаввулоти бузурги эҷодӣ ва иҷрокунандагиро асос гузошта, муҳимтаринаш он аст, ки ном ва тавсифи аксари таснифоташ дар осори илмӣ-адабӣ, таърихӣ ва мусиқӣ сурат гирифта, инчунин бетағир дар мусиқии мардумони эронинажод, ғайриэронӣ барҷо мондааст.
Борбад (тақрибан 585-89, Нисо, Марв 628-38 Тайсафун, Марв), сароянда,
Иржи Бечка аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои адабӣ ва илмии олам аст, ки дилбаста ва шефтаи адабиёти пурғановати форсӣ маҳсуб мешуд. Садҳо мақолаҳо, китобҳо, пажӯҳишҳои илмиаш таърих, забон, фарҳанг, адабиёти классик ва муосири Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Муаллифи маъруфтарин асарҳои пажӯшӣ доир ба дабиёти форсу тоҷик аст. Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти мусоири тоҷик, забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллати мо ба аврупоиён хизматҳои шоистае кардааст. Шояд шахси дигаре аз аврупоиён ба ҳадди Иржи Бечка дар муаррифии миллати мо ва адабиёту таърихи он хизмат накарда бошад.
Балъамӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Балъамӣ тақрибан ним аср – даврони аморати Исмоили Сомонӣ дар раъиси корҳои идораи давлати Сомониён дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркази тоҷикон саҳми бузурге
Бармакиён хонадони ҳукуматгари қадими тоҷикон, ки аслашон аз Балх будааст. Дар маъбади Навбаҳор мубад ва соҳиби амволи бисёри ғайриманқула буданд. Бармакиён дар дарбори шоҳони Бохтар вазифаҳои вазирӣ, дабирӣ, мубади мубадонро иҷро намуда, дар давлати Сосониён низ мақоми баланд доштанд. Мувофиқи ривоятхо маъбади Навбаҳоррро шоҳи Каёнӣ Луҳросп асос гузоштааст ва то истилои араб маркази
Оҳангароне, ки ин касбро ба шогирдон меомӯзонданд, бо барпо намудани маросими «камарбандон» ба онҳо фотиҳаи кори мустақилонаро медоданд. Муҳлати шогирдӣ тақрибан 3–4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндагӣ ва бо ӯ кор мекарданд. Усто дар баробари омӯзонидани маҳорату малакаи Оҳангарӣ инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро нақл мекард. Аз кору рӯзгори
Шонаи чўбин тибқи ақидаи шонатарошону истифодабарандагон баъзе хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Агар аз қисми дарунтари кундаи чормағз шона сохта шавад, борои мўйҳои хушк муфид буда, мўйро равғаннок менамояд. Агар шона аз чўби шохҳои болоии дарахти чормағз гирифта шуда бошад, равғани мўйро муътадил месозад. Шонаи аз чўби зардолу сохташуда асабро ором мекунад. Шонаи аз кундаи дарахти нок