адабиёт доир ба фарҳанг

Наврӯз дар Бадахшон

Наврӯзи Бадахшон, русуми ҷашн гирифтани Наврӯз дар баъзе манотиқи Бадахшон. Дар аксари маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон ҷашни Наврӯзро бо ҳамин таъбир ёд карда, дар гузаштаи начандон дур он вобаста ба тақвими маҳаллӣ (ҳисоб аз рӯйи узвҳои одам, ҳаракати сайёраҳо, тулӯъ ва ғуруби офоб) дар се давр ҷашн гирифта мешуд. Ҳар яке аз ин давраҳо, пеш аз ҳама, муносибати мардумро ба замин, ба корҳои деҳқонӣ бозгӯй мекарданд.

Оинҳои наврӯзӣ: ЧОРШАНБЕСУРӢ

Чоршанбесурӣ, ойинест, ки пеш аз Наврӯз, дар охири соли хуршедӣ баргузор мешавад. Аз замонҳои қадим то ба ҳоло дар охирин чоршанбеи соли хуршедӣ пеш аз Наврӯз мардуми ориёитабор маросим ва ҷашне доштанд, ки онро Чоршанбесурӣ меномиданд ва ҳоло низ меноманд. Ин ҷашн дар гузашта дар тамоми манотиқи ориёитабор баргузор мегардид, ки бисёре аз навоҳии манотиқи Осиёи Марказӣ, ба хусус Мавароуннаҳр низ, дар ҳудуди он қарор

Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КАНДАКОРӢ

Кандакорӣ рӯйи чӯби мақбараи Исмоили Сомонӣ (асри 10), арақаи Чашмаи Айюб (асрҳои 14–17, Бухоро), рафҳои мақбараи Қуссам ибни Аббос (Самарқанд), айвони мақбараи деҳаи Чоркӯҳи Исфара, меҳроби Искодар (асри 10, ноҳияи Айнӣ), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (асрҳои 14–15, Хуҷанд), мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ (асри 14), дари Гӯри Мир (асри 15, Самарқанд) ва ғайра нақшҳои ҳандасӣ ва табиӣ доранд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КОШИНКОРӢ

Ҳунармандон барои мустаҳкам намудани гилмоя, мӯй, намакхок ҳамроҳ мекарданд. Онҳо гилмояи тайёрро ба қолабҳо рехта, сипас онро дар хумдонҳои яктарафа ё дутарафа гузошта, дар ҳарорати хеле баланд мепухтанд. Баъд аз пухта шудан, ба рӯйи порчаҳои  сафол  сир медавонданд. Сирро аз алафҳои чилбанд (чилбуғум) чоройна ва рангҳои минералӣ аз қабили оксиди мис, манган, оҳан, кобалти дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Ҳунармандони кошисоз агар мехостанд ба кошиҳо сир давонанд, ду се маротиба дар оташ мепухтанд.

Он гуна ки аз таърих медонем, миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо

Мизи мудаввари «Пайки ҳунар» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ин мизи мудаввар баъди зуҳри рӯзи сешанбе бо ташаббуси Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд. Ҳадаф ибрози назарҳо атрофи силсилачорабиниҳо ва иқдомот барои таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар буд.  

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар сухани муқаддамотии худ дар бораи муҳим будани рушди ҳам сайёҳӣ ва ҳам ҳунарҳои мардумӣ изҳори назар кард.

Нақшу нигорҳо дар зиндагии форсизабонҳо

Қадимтарин  манбаъе, ки дар бораи сарулибос ва нақши  он дар ниёгони мо дарак дода,  ҳанўз  дар замони Сосониён бо хати  паҳлавӣ  нигошта  шуда будааст, ки муаллифи он на танҳо дар мавриди матоъу анвоъи он  ва нақшу тарзи таҳия  сухан рондааст, дар сафаҳоти он расмҳои  рангаи шоҳони сосонӣ бо намунаи либосҳояшон низ мавҷуд будааст. Аммо мушкилии омўзиши ҳаҷҷорихои Тахти Чамшед дар он аст, ки  резакориҳои  рўи

Страницы