адабиёт доир ба фарҳанг

БАДЕҲА ЧИСТ?

Бадеҳа (арабӣ, сухани закитабъона), сухан ё шеъри закитабъонаи шавқангез, ки бадоҳатан гуфта мешавад. Дар фолклор яке аз навъҳои  суруди халқӣ мебошад, ки аз тарафи  ду нафар дар ҳузури тамошобинон иҷро карда мешавад. Иҷрокунандагон бояд зану мард бошанд, ки бо хондани суруди шўх рақскунон лавҳае аз зиндагиро тасвир намуда, камбудиҳои ҷомеаро бо ҳазлу танз интиқол мекунанд.

Фарҳанги САЛОМ

Дар ойинҳои мардумӣ салом ҳам гуногун аст. Саломи дастӣ, салом бо ишорат, салом бо ҳаракати сар ва амсоли ин. Маъмулан, мувофиқи расму ойини тоҷикӣ саломдиҳанда, агар хурдсол бошад, дасти росташро ба сари сина гирифта, ба шахси аз худ калонсол салом медиҳад. Дар айни замон алайкгиранда низ ҳамин амалро такрор мекунад. Аз ин рў, дар байни мардум мегўянд, ки “салом қарзи Худост”

Салом, амну амонӣ, сулҳ, оштӣ, таҳният, осудахотирӣ ва дуруд ба якдигар фиристодани одамон.

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ

Ганҷинаи дастнависҳои шарқи ба номи А. Мирзоеви Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, калонтарин маҳзани дастнависҳои шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи ин Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузашта шудааст.

Таърихи Шашмақом

Соли 2000-ум панҷоҳсолагии таъсисёбии Ансамбли давлатии “Шашмақом” дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи инкишофи ояндаи “Шашмақом”-хонӣ ба тасвиб расид. Ба Ансабли “Шашмақом” мақоми давлатӣ дода шуд ва он минбаъд “Ансамбли давлатии Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов” номгузорӣ гардид.

Ёдгории зиндаи тамаддуни тоҷикон

Соли 1947  Раёсати корҳои санъат дар назди Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор баровард, ки мусиқии классики тоҷик ба нота гирифта шавад. Ин вазифаи мураккаб ва дар айни замон шарафнокро устодони забардасти саъати тоҷик Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов ва Ф.Шаҳобов ба ўҳда гирифтанд. Онҳо таҳти рохбарии доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи ш.Москва Беляев,  узви вобастаи АИ СССР Е.Э,Бертельс, шоири тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ, адабиётшинос Абдулғанӣ

Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ: САБАДБОФӢ

Баъзе сабадбофон навдаҳоро аввал чанд рӯз дар об тар карда, баъд андаке қат карда, ба соя ва ё офтоб мегузоранд. Чунин кор вобаста ба салиқа ва таҷрибаи кори онҳост. Ҳунармандоне низ ҳастанд, ки баъди дар об тар кардан пӯсти навдаҳоро ҷудо мекунанд ва онҳоро дар соя мегузоранд. Пӯсти баъзе навдаҳо ҷудо намешавад, чунки хеле мустаҳкам аст. Дар чунин ҳолат пӯсти навдаро ҷудо накарда, сабад мебофанд. Агар пӯсти навдаҳо ҷудо карда шавад ва он андаке дар офтоб ва ё оташи паст сурх гардад, сабад хушсифат мешавд. Ба хусус сабадҳое, ки аз навдаҳои сияҳбед бофта мешаванд, сифати хуб доранд. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3–4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд. Бархе аз сабадбофон сабади омодаро аз об гирифта чанд рӯз ба намад ва ё латтаҳои ғафс печонида,

Страницы