адабиёт доир ба фарҳанг

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: АДРАСБОФӢ

Бофандагон  барои рангубори адрас рангҳоро аз пўстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шанҷарф, суринҷ, лоҷвард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.  Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшунигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо яксон сурат мегирифт.

Тарзи истеҳсоли адрас-матои мунаққаши

Ҷашни Сада муборак ба ҳамватанон !

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд.  Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он - гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ДӮЗАНДАГӢ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Яъне, имсол дар кишвар барномаҳои мушаххасе ҷиҳати тавсеъаи ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафти сайёҳӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.

Тасмим гирифтем барои муаррифии навъҳои

Дирафши Ковиёнӣ ва таърихи мухтасари он

Дирафши Ковиёнӣ, дирафш (байрақ)-и устураӣ, мардумӣ ва баъдан давлатии подшоҳони қадими ориёӣ (эронӣ). Аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Хаҳоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти  ақвоми эронӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст,  то дар ҳуҷуми араб ба дасти онон  афтод  ва нобуд  шуд. Агарчӣ  ибтидои зуҳури  он ба ибороти имрўзӣ «асотирӣ»-ст,  вале мавҷудиятиаш  дар имтидоди давраи Хаҳоманишин то ба соли  632 комилан  собитшуда аст. Яъне, тўлм 1200 соли воқеии маълум -  то зуҳури   ислом  - муқаддастарин дирафши  давлатдории  эронитаборон будааст. Таърихи  асотириаш  ба иттифоқи кулли маъхазҳои маълум чунон аст, ки пас аз он ки Коваи Оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва дар  таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим шўронд ва пирўз  шуд,  дирафши мазбур ҳамчун рамзи пирўзии миллӣ бар ҳакимони аҷнабӣ миёни қавмҳои

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Гузашти солҳо моро аз беҳтарин расму русум, одатҳои ниёгон, фарҳанги қадимӣ, ки мағз андар мағзашон меҳру муҳаббат ҷо кардаанд, дур мекуннад. Оинҳои аҷдодӣ зери чанги солҳо мемонанд ва наслҳои имрӯз бехабаранд, ки гузаштагонашон барои обод нигоҳ доштани хонаи меҳру эътиоқод ба ҳамдигар, чӣ русумеро риоя ва пос медоштанд. Яке аз ин оинҳои фаромӯшшуда “Боғкӯчӣ” ном дошт.

Бобоҷон Ғафуров ворису посдори мероси фарҳанги миллӣ

(Бахшида ба Рӯзи гиромидошти хотираи Бобоҷон Ғафуров  – арбоби давлатӣ, академик, Қаҳрамони Тоҷикистон)

Устод М. Турсунзода дар бораи мақоми санъат гуфта буд, ки «Санъат боғро мемонад ва барои шукуфону пурбор гаштани он боғбони заҳматкаши ғамхор лозим аст».  Чунин боғбони ғамхор барои санъаткорон аллома Бобоҷон Ғафуров буд. Хизмати Бобоҷон  Ғафуров дар омӯхтан ва тарғиби санъати тоҷик хеле  бузург аст. Устод мақоми бузурги санъатро дар ҳаёти маънавии мардум қайд карда, онро яке аз омилҳои кори тарбиявӣ ҳисобидааст.

Махсусан, Бобоҷон Ғафуров чун мухлиси «Шашмақом» барои омӯзиши

Страницы