адабиёт доир ба фарҳанг

Мулоқоти бонувон бо номи «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»

«Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе»
Дирӯз дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллӣ мулоқоти Шўрои занони Китобхона мулоқоти Раёсати кор ба зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Татбиқи сиёсати зан ва оила дар шаҳри Душанбе» доир гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар суханони муқаддамотии худ дар бораи сиёсати

Даъват ба китоб ва Китобхона дар ду муаасисаи олии пойтахт

         Ҳамарўза барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» дар Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Донишгоҳу Донишкадаҳои Ҷумҳурӣ тибқи нақшаи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҷараён дорад.
Имрӯз, 4-уми ноябр гуруҳе аз кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир муштаракан бо шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти

Нахустин устоди рақси миллӣ

Яке аз чеҳраи гиромиву шинохтаи санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқӣ-театрии шаҳри Хуҷанд то соли 1934 дар Театри мусиқии Ўзбекистон ба ҳайси артисти балет фаъолият менамояд. Солҳои 1934 – 1939 ҳамчун артисти балет ва балетмейстри Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ кор мекунад. Аз 1939 то соли 1945 вазифаи солисти балет ва балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Соли 1934 дар Тоҷикистон Театри мусиқӣ таъсис меёбад ва Ғаффор Валаматзодаро барои идома додани

Махзани ҳофизаи кишвар

Аслан дар гузаштаи дури халқамон мафҳуми бойгонӣ ё архив бо маънои кунунӣ вуҷуд надошт, лекин ҳанўз аз даврони Куруши  Кабир то ба мо омада расидани эъломияи таърихию беназири ў, сангнавиштҳои даврони ҳахоманишиҳо, деворнигораҳои Панҷакент ва мавзеъҳои дигар, мавҷуд будани академия ва китобхонаи маъруфи “Дижи нибишт” (қаср, кохи навиштаҳо, китобҳо), дар академияи маъруфи “ Гунди Шопур” гирд овардани китобҳои қадима дар замони Сосониён, мавҷудияти китобхонаи машҳури давраи Сомониён гувоҳ аст, ки гузаштагони мо ба масъалаи нигоҳ доштани маводҳо бефарқу бетараф

Сурудҳои Ҷўрабек Муродов

Китоби мазкур аз ду қисм иборат буда, дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр гардидааст. Китоб аз эҷодиёти суруду таронаҳои устоди машҳури санъати тоҷик, оҳангсози нодир, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов таҳия гардидааст. Қисми аввалро 100 суруди устод, ки ҳанўз дар оғози солҳои 80-ум аз ҷониби шодравон Ҳамидқул Ҷумъаев гирдоварӣ шуда ва соли 1982 дар нашриёти “Ирфон” нашр гардида буд, ташкил медиҳад.
Қисми дуюм 70 сурудҳои беҳтарини солҳои гуногуни устодро дарбар мегирад: “Пир манам, ҷавон манам” (ғазалиҶалолиддини Румӣ), “Дар камозорӣ” (шеъри Носири Хусрав), “Дидори ёр” (ғазали Ҳофиз), “Дили модар” (шеъри Мирзо Турсунзода) “Ушшоқи Ҷўрабек”

Страницы