адабиёт доир ба фарҳанг

Фалак – мероси фарҳанги миллӣ

Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, чунки ин қарнҳои «тиллоӣ» фарзандони бузургеро парвариш намуда, тафаккури илмиву адабии тоҷикон дар ин давра қуллаҳои баландро фатҳ кард. Масалан, муаллифи мақолаи «Панҷ намуди фалак» Ҷ. Темурзода аз китоби «Ҷавоҳири қалб» чунин ривоятро меорад:
«Чун  овозаи  шеъри Ятимӣ дар саросари Мовароуннаҳр ва Хуросон паҳн гардид,

Маҳфили «Ахтари ҳунар» бо Хайрӣ Назарова

Баъд аз зуҳри 22 –юми сентябри соли равон дар толори “Ошёни булбулон” –и  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфили  «Ахтари ҳунар» бо ширкати ҳунарманди маъруфи театр Хайрӣ Назарова баргузор шуд.  
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани муқаддамотии худ аз шахсияти ҳунарманди маъруф ҳикоят кард ва гуфт Хайрӣ Назарова аз чеҳраҳои тобноки ҳунари Тоҷикистон аст, ки берун аз қаламрави кишвар

Дарҳои бози махзани дониш дар «Рўзи китоб»

Китоб маҳсули хираду зеҳни ҷўяндаи инсон аст. Инсон ба хотири он, ки донишҳои андўхта ва андешаҳову афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагон мерос гузорад, ҳарфу ҳиҷо эҷод намуда, сипас коғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омўхт. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки миёни ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон арзишмандтарин он китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки мо бо аҷдодони худ мусоҳиб ва аз андешаҳояшон огоҳ мегардем.

«ДУНЁИ ТЕАТР»

«Дунёи театр» соли 2007 аз ҷониби Алихон Маҳмадов нашр гардидааст. Муаллиф андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни театри тоҷик дар китоби мазкур зикр намудааст.
Ин китоб аз чордаҳ боб иборат буда, боби аввал «Театр», боби дуюм «Драманавис», боби сеюм «Коргардон», боби чорум «Поягузори аввалин театри касбии тоҷик», боби панҷум «Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ», боби шашум «Рўзҳои муродбахши Театри ба номи Лоҳутӣ», боби ҳафтум «Театри ба номи В. Маякавский», боби ҳаштум «Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов», боби нуҳум «Зиндагӣ дар театри ҷавонон», боби даҳум «Театри давлатии

Нахустин Ҷулеттаи тоҷик кӣ буд?

Ҳунарманди шинохтаву варзида Хайрӣ Назарова 2-юми июли соли 1923 (тибқи баъзе маълумот 13-уми октябри соли 1923) дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб ба дунё омадааст.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  фаъолият намудааст.
Дар давоми фаъолияти корӣ як қатор нақшҳои хотирмонро бозидаву худро чун ҳунарманди нотакрор барои бинандагон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, Зўҳро (дар намоишномаи «Тоҳир ва Зўҳро»-и С.Абдулло), Ойхон (аз «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Хамза), Райҳон (аз «Арўси  панҷсўма»-и М. Урдубодӣ) ва ғайра.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Корделия дар «Шоҳ Лир», Дездемона «Отелло»-и У. Шекспир мебошад.

Рӯнамои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»

Рӯнамои ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ширкати беш аз 60 нафар донишмандон ва муҳаққиқону фарҳангнигорон баргузор шуд.
Ҷилди аввали “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи мардуми тоҷик” нашр шуд ва он барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи азизамон нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фарҳанги  миллиамон шинос менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар бойгониҳои илмию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳо, пажўҳишгоҳҳову донишгоҳҳо, Осорхонаи миллӣ ва дигар

Страницы