адабиёт доир ба фарҳанг

Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми: ГУЛОБКАШӢ

Гулобкашон аз гули атргул, садбарг як навъ нӯшокӣ омода мекунанд, ки тарзи омода намудани он чунин аст: баргҳои гули садбарги аз шохчаҳо ҷудакардашударо бо оби соф шуста, дар андаке об дар дег ва ё дегчаи сирдор меҷӯшонанд. Барои он ки таги дег нагирад (насӯзад), онро тагу рӯ мекунанд ё омезиш медиҳанд. Пасон баргро аз об ҷудо мекунанд ва он обро аз дока мегузаронанд.

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: МУҲРА

Муҳраи чашмӣ, мураҳои сиёҳи холҳои сафед ё муҳраҳои сафеди холҳои сиёҳдошта, ки дар гузашта (баъзан ҳоло ҳам) барои раъфи заҳри чашм истифода мешаванд. Муҳраҳои сафеди холҳои сиёҳдоштаро муҳраи пай меноманд. Тибқи бовариҳои мардум муҳрача гўё одамонро аз заҳри чашм ва таъсири дигар қуваҳои бад муҳофизат мекунад. Ин муҳраҳоро як ё дутои ба либос мустаҳкам мекунанд ё дар таркиби даспона ва дигар

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КАРНАЙ

Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри 19  ва ибтидои асри 20 он тақрибан аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнай ва корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнай машғул буданд.

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ИСКАНДАРКӮЛ

Искандаркӯл - яке кӯлҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки  дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) ҷой гирифтааст. Ин кӯли зебо ва назаррабо  86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми: ДОЙРА

Дар замони шӯравӣ дойранавозӣ дар Тоҷикистон хеле равнақ ёфт. Бисёр устодони моҳири ин соз ба камол расиданд. Баъзе дойранавозон якбора ду ё се дойраро менавохтан. Устоди маъруфтарини ин касб Артисти халқии Тоҷикистон Аъло Аълоев буд, ки якбора панҷ дойраро ҳам менавохт. Ӯ ҳамчунин муаллифи бисёр навоҳои рақсии дойравӣ аз қабили «Чашми сиёҳ», «Ҷавонӣ», «Кулобӣ», «Бахт», «Дарвозӣ», «Рез», «Марворид» ва ғайра мебошад. Усулҳои бисёр ва имконоти васеи созии дойра қариб дар ҳамаи шаклҳои мусиқӣ зарур аст. Дойра имрӯз дар тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ , оркестрҳои Тоҷикистон чун сози ҳатмии зарбӣ ва ҳамчун сози якканавозӣ истифода бурда мешавад.

Панҷ филм аз шаҳкорҳои синемои тоҷик дар толори наворҳои мусаббати Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи миллӣ на танҳо ҷоест, ки хонандагон китоб мехонанд ва дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ширкат меварзанд, балки имкон доранд беҳтарин филмҳои синемогарони кишвар ва хориҷ аз онро тамошо кунанд. Садои шахсиятҳои маъруфе чун устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Лоиқ Шераливу Муъмин Қаноатро бишнаванд.
Даме бо зиндаёд Маҳмуди Воҳид биншинад ва

Страницы