адабиёт доир ба фарҳанг

Ҳунарманди нобиное, ки ҳамаро тасхир кард

Ҳунарманди маъруф Тағоймурод Хушвақтов, ки миёни мардум бо номи Қории Ёвонӣ шуҳрат дорад, рӯзи 2-уми апрел 70-сола мешавад.  17 сол пеш бар асари сактаи қалб дар синни 53-солагӣ тарки олам кард. Шуҳрати беандоза дошт, шахсияти дар ҳунар беназир буд. Бино ба гуфтаи  Салоҳиддини Убайдулло, директори хонаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон, ки худро аз шогирдони м арҳум медонад, Тағоймурод “аз модар як шахсияти комил ба дунё омада буд, нобино буд, вале ҳиссиёти дарк карданро дошт. Дарзмолро кушода

Оби раҳмат омаду Наврўз шуд

   Тибқи иттилои Берун, рўзи шашуми моҳи фарвардин Наврўзи бузург аст. Гўянд, Худованд дар ин рўз аз офариниши ҷаҳон осуда гардидааст, чунки дар ин рўз Худованд муштариро офаридааст. Зардуштиён мегўянд, ки Зардушт дар ин рўз тавфиқ ёфтааст, ки бо Худованд муноҷот намояд ва Кайхусрав дар ин рўз ба ҳаво ба меъроҷ рафт ва дар ин рўз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат кардааст, бинобар ин мардум ин рўзро рўзи умед номидаанд. Ҳар кас дар бомдоди ин рўз, пеш аз он ки сухан 

Таронаҳои Содиқ Нуруллоевро дар Китобхонаи миллӣ метавонед шунавед

   Хизматҳои Содиқ Нуруллоевро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  соли 2005 бо медали «Хизмати Шоиста» ва соли 2011 бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Содиқ Нуруллоев имрӯзҳо дар Консерваторияи миллӣ ҳамчун устод кор ва фаъолият дорад. Шогирдони  ӯ дар саҳнаи театри тоҷик бо ҳамроҳии устод фаъолият доранд. Инҳо: Комрон Содиқов, Нарзулло Болтуев, Шуҳрат Алимардонов, Назира Сангинова, Фирӯз Зоҳирзода ва дигарон.

Содиқ Нуруллоев 5-уми  июни соли 1961 дар

Оё мехоҳед филми “Марги судхӯр”-ро дар Китобхона тамошо кунед?

 Филми «Марги судхӯр» яке аз муваффақиятҳои бузурги синемои тоҷик ба шумор меравад. Бо филми «Марги судхӯр» кинематографияи тоҷик бори дуввум ба эҷодиёти устод  Садриддин Айнӣ рӯй овард (бори аввал аз рӯи асари «Дохунда» соли 1956 филм ба навор гирифта шудааст, сенарияи И. Луковский, Т. Собиров, рассом Д. Илёбоев, бастакор З.Шаҳидӣ).

Офарандагон ҳангоми тайёр намудани сенария ва замони наворбардор манзараҳои Бухорои кӯҳна

 

Аввалин операхони тоҷик

    Имрӯз ба таваллуди Ҳанифа Мавлонова 95 сол пур шуд. Ҳанифа Мавлонова аз ҷумла ҳунармандони маъруфи кишвар аст, ки миёни ҳаводорони санъати опера  шӯҳрати беандоза дорад. 86 сол умр дидаву дар тӯли умр дар даҳҳо намоиши театрҳои гуногун нақшҳои хотирмон бозидааст. Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951), Ҳунарпешаи халқии СССР (1968) буд.

    Ҳанифа Муҳиддиновна Мавлонова 30 январи соли 1924 ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дида ба олам кушодааст. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов будааст. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро с. 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952-1959). Пас аз хатми омӯзишгоҳ солҳои 1937-1939

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: НАҚШХОНӢ

Нақшхонӣ ба ғайр аз тўйҳои арўси дар ҷашни Наврўз, Сайри гули лола ва базмҳои дигар низ баргузор мешавад. Он имрўз ҳам дар байни мардум ривоҷ дошта, дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои  шимоли Тоҷикистон дар аксар ҷашнҳо ва идҳои месароянд. Дар водии Зарафшон яке аз навъҳои маъмули нақшхонӣ “Нақши мулло”мебошад, ки онро сарояндагон якҷо (бе нақарот) месароянд. Тарзи иҷрои он чунин аст:
Нақшхонӣ, “Нақш”, силсилаи суруду таронаҳои

Страницы