Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Эпоси «Гӯрғулӣ» дар ҳаёти маънавӣ ва мадании халқи тоҷик, хусусан аҳолии ноњияҳои ҷанубии Тоҷикистон мавқеи калон дорад. Эпоси «Гӯрғулӣ» таърихест, ки ба василаи ровиён аз гузаштаи пурпайкору диловарии аҷдоди тоҷикон қисса мекунад.
Ҳасан шубҳае надошт, ки ў ба қуллаи мақсади зиндагӣ расидааст. Замона бошад, бо роҳи худ мерафт – замони нав – замонаи мураккаб на танҳо дигаргунсозии ҷамъият, балки тағири табиати инсонро талаб мекард. Ин замона аз сохтмон сар шуд: каналҳо месохтанд, роҳҳо, шаҳрҳо бунёд мекарданд. Техника пайдо шуд. Коргоҳи механикии нав, мошинҳои аввалин, мардумро моту ҳайрон карда, дар роҳҳо ба ҳаракат даромаданд. Ҳасан гумон дошт, роҳи зиндагиашро фақат худаш муайн карда метавонад ва
Шоҳнома асари безаволи классикии адабиёти тоҷику форс аст, ки халқи мо дар тули асрҳо мехонад. Таърихи шоҳони бостонӣ – танҳо торест, ки бар он дурдонаҳои ҳикоёти манзуми воқеаҳои таърихии қадимулайём кашида шудааст. Ин достони қаҳрамонҳост, ки мазўи асосияш мубориза ва корнамоии қаҳрамононӣ халқӣ мебошад. Хираду инсонпарварӣ – ҳаминанд қувваҳое, ки дар тасаввуроти Фирдавсӣ тақдири халқҳоро ҳал мекунанд.
Ҳар як намоишнома вобаста ба мавзӯву жанри худ таҷассуми хоси саҳнавиро талаб мекунад. Ҳалли саҳнавии намоишномаҳои классикӣ нисбат ба намоишномаҳои замонавӣ фарқ мекунанд. Драматургони машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ», Ҷумъа Қудус «Мардҳо намегирянд», Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком», Меҳмон Бахти «Чашмони интизор», Ҳамдам А. «Писари ватан», Ғуломова С. «Ҳодисаи нангин», Ашур Ф. «Ҳасани аробакаш», Аҳмад С. «Исёни
Дар бойгонии Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ садҳо наворҳои аудио ва видео метавон пайдо кард, ки аз нухбагони фарҳангу ҳунар боқӣ монда. Дар мақолае бо номи “Бойгонии электронии мусикӣ ва адабиёт дар Китобхонаи миллӣ” (http://www.kmt.tj/boygonii-elektronii-musiki-va-adabiyot-dar-kitobhonai-milli) чанд лаҳза пештар дар ин бора муфассал нақл кардем. Ва ҳоло чун мушт намунаи хирвор чанд шеъри шоири ззиндаёд устод Лоиқ Шералиро дар қироати муаллиф меорем.
Ҳифзи мероси фарҳангӣ боарзиштарин мероси ҳар миллат аст. Кишварҳои пурқудрат барои нигаҳдорӣ ва рушди мунтазами соҳаи фарҳанг ва ҳунар хеле зиёд таваҷҷуҳ доранд. Бахусус дар Китобхонаҳои машҳури кишварҳои Осиёву Аврупо назар меафканем аз ганҷинаи пурғановати миллатҳои гуногун баҳра мегирем. Ногуфта намонад, ки санъати мусиқӣ ва рассомӣ ҳунарест, ки барои дарки мазмуни онҳо донистани забон муҳим нест. Зеро он ба гӯшу чашму дил таъсир гузошта эҳсоси хушбиниву