адабиёт доир ба фарҳанг

Борбад асосгузори санъати «Шашмақом»

 «Шашмақом» дурдонаи беназирест, ки аз каъри асрҳои куҳан то ба рўзгори мо расидааст. Он дар худ дастовардҳои беҳтарин хиради шеъру мусиқии халқро таҷассум намудааст ва ҷоиз аст, ки онро қомуси халқ номем. Ҷиҳати муайянкунандаи инкишофи мусиқии тоҷик дар он ба назар мерасад, ки вай ба анъанаҳои бузурги халқӣ, ки то замони мо ба шарофати асари оламшумули мусиқии халқӣ – Шашмақом омада расидааст, такя мекунад. Оҳангҳои пурҷозиба ва суруду таронаҳои

Ёде аз Гурминҷ Завқибеков дар остонаи 90-умин солгарди умраш

 Имрӯз ҳунарманди варзида ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театр ва синемои кишвар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Гурминҷ Завқибеков ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Дардо аламо, ки ҳамин гуна як ҳунарманди нотакрор ва борикназар умри тӯлонӣ надид ва имрӯз дар байни мо нест. Шоиста аст ҳоло бо чанд ҷумла аз ӯ ёд кунем.

Деҳаи зебоманзари Шучанди ноҳияи Рўшон, ки Гурминҷ соли 1929 

Китоб беҳтарин ёри танҳоӣ...

  Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонид ва аз он ғаниматҳои зиёдеро бардошт. Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ тарк ва ҳазар намекунад. Рафиқест бе малол ва муомилаест, ки фиреб намедиҳад. Китоб чизест, ки ҳар қадар назар кунӣ, малакаат зиёду табъат шод ва забонат кушода мешавад.

«ВАЗИФАИ ОЛӢ»-ро дар Китобхонаи миллӣ тамошо кунед

  Муаррифии филмҳои тоҷикро бахшида 90-солагии кинои тоҷик идома медиҳем. Соли 1958 киностудияи «Тоҷикфилм» истеҳсоли филми бадеӣ «Вазифаи олӣ»-ро аз рӯи асари Л. Ҳалимҷонов, коргардон Б.Кимёгаров, наворбардор М.Шуриков, бастакор С.Баласанян, матни сурудҳо аз шоир А.Сидқӣ ба роҳ монд.

Филми «Вазифаи олӣ»-ро, ки ба киностудияи «Тоҷикфилм» муваффақияти муайяне овард, драмаи лирикӣ ҳисобидан мумкин аст. Филм дар бораи тақдири духтури ҷавон Зулфия

90 соли синамои тоҷик: Муруре ба таърихи офариниши филми «Қисмати шоир»

  14 марти соли 1959, яъне 60 сол пеш «Тоҷикфилм» филми ҳунарии «Ғисмати шоир»-ро ба навор гирифт, ки он асари барҷастаи бадеии кинематографияи миллии тоҷик гардид. «Қисмати шоир» ба истиқболи ҷашни 1100 солагии рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти классики тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ наворбардорӣ шуд. Сенарияи филм ба қалами нависандаи бузурги тоҷик, кинодраматург Сотим Улуғзода тааллуқ дорад. Муаллиф кори бағоят мураккаби худро чунин тафсил дода буд

Амун Ёдгорро мешиносед?

  Асарҳои созии Амун Ёдгоров низ дарки лирикии воқеиятро инъикос менамоянд, ки дар байни онҳо Консертино барои фортепиано ва оркестри симфонӣ бештар машҳур ва маъмул гардидааст. Ба дўстдорони мусиқӣ инчунин Сонатаи ў барои алт ва фортепиано, Квартети созӣ, Вариатсия барои фортепиано, силсилаи асарҳои вокалии бачагона маълуманд. Мусиқии Амун Ёдгоров бо истифодаи моҳиронаи воситаҳои вокалӣ ва созӣ, талошҳои эҷодӣ дар таҷассуми хусусиятҳои миллӣ, гуногунрангӣ ва фасоҳати оҳанг фарқ

Страницы