адабиёт доир ба фарҳанг

Китобҳои тозавуруд: Абдурраҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ

  Китоби мазкур ба таҳқиқи  ҷойгоҳи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Дар он бори аввал матни илмӣ- интиқодии рисолаи маъруфи ба илми мусиқӣ бахшида шудаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асоси муқоиса ва таҳқиқи се нусхаи дастхати он пешниҳоди аҳли адаб ва ҳунар мегардад.

 Муаллифи китоб доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ҳамчунин муаммои ирфонии истифодаи рамзҳои вобаста ба Дувоздаҳмақом, оҳангҳои маъруфи замон ва номи созҳои мусиқиро дар ғазалиёт ва маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ», «Юсуф 

90-мин солгарди кинои тоҷик : Филми «Духтари сеюм»

   Ин филм аз рўи повести маълуми Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ «Духтари ҳамсоя» буда, сенарияшро  худи коргардон Анвар Тўраев навиштааст.    Филми «Духтари сеюм» (наворбардор А. Мансуров, бастакор Саид Ҳамроев) қиссаи қариб сисолаи ҳаёти як устокулолро таҳлил мекунад.

  Барои касони аз урфу одатҳои мардум Осиёи Марказӣ  хабардор аслан худи филм як маънии драмавӣ дорад.

    Қаҳрамони асосии филм – устокулоли Мухтор ба маънии ҳаёти нав нарасида, бартариҳои меҳнати муштараконаи артелро нафаҳмида, аз ҳамкасбону рафиқон ҷудоӣ варзида, маҳсули ҳунарашро ба бозор мекашад. Устои боҳунар розӣ нест, ки асрори нодири ҳунарашро ба ҷавонон ёд диҳад. Ягона орзуи ў писардоршавист, то дари асрори ниҳони ҳунарашро фақат ба писараш – вориси ному молу ҳунараш – бикушояд. 

   Норбибӣ, зани усто, дар ҳаёти умраш ду духтар ёфт. Акнун ба 

Аз таърихи пайдоиши китоб

   Китоб - (аз арабӣ: كتاب — навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда) воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ (тасвир) ва донишҳо. Дар омори байналхалқӣ, мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо китоб гуфтан мумкин аст. Китоб маҷмуае аз саҳафоти  навишташуда, мусаввар, чопшуда ё саҳафоти холӣ, сохташуда аз коғаз,  пӯсти ҳайвонот ё маводи дигар аст, ки маъмулан аз як тараф ё самт ба якдигар м аҳкам шудааст. Ҳар барга дар

Ҳунарманде некухислат, хоксор, хушсуҳбат ва бонуе озода

    Дилбар Умарова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум маъруфияти хос дорад. Дар суҳбате гуфтааст, ки ӯ бе театр вай ҳеҷ аст. “Театр ба ман нон дод, ном дод, машҳур кард. Шумо ҳам агар театр намебуд, ба назди Дилбар Умарова намеомадед ва ҳатто намедонистед, ки дар дунё зане ҳаст бо ҳамин ном. Дар зиндагии ман театр аз ҳама мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мешавад гӯям, ки театр саҷдагоҳи ман аст. Ман бе театр наметавонам.     

    Оре, Дилбар Умарова бештар ҳунарманди театр аст, то ки ҳунарманди синемо бошад. Дилбар Умарова

Фарҳанг хастии миллат

   Ҳар миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абаркудрат ва поянда ташкил намояд. Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик ҳамчун як шохаи ориёнои бузург бо доштани фарҳаги хоси худ, ҳамеша суннатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад. Фарҳанг аз калимаи лотини «cultura» гирифта шуда маънои тарбия, омӯзиш, тараққиёти рафторро дорад.

   Калимаи «Фарҳанг» маънои васеъ дорад.

90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Филми бадеии «Зумрад»

   Нақшофарии самимонаву басо ҷаззоби ҳунармандони шинохта Тамара Кокова, Сталина Азаматова, Туҳфа Фозилова, Яъқуб Ахмедов, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмудҷон Воҳидов, Т. Эшонхоҷаев, Абдулхайр Қосимов, Абдулҳамид Нурматов, Абдусалом Раҳимов. Ин филмро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тамошо кунед.

    Дар филми «Зумрад»  (коргардон  Абдусалом Раҳимов,  Александр Давидсон, муаллифони 

Страницы