адабиёт доир ба фарҳанг

Сухане чанд аз таърихи Саразми бостонӣ

Шаҳри Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.a

Аз мавлуди Барно Исҳоқова 93 сол мегузарад

  Чун танинандоз шуд мавҷи садояш дар ҳаво,

  Оҷизу хору забун шуд номеҳрубонони Шашмақом.

Дар тўли фаъолияти эҷодии зиёда аз нимасраи хеш бо ҳунари воло, санъати асил ва қобилияти нотакрори хеш ба дилу дидаи мардуми  Машриқзамин ҷо гирифтааст. Суруду таронаҳои ҷаззобу форами ў  дар замири пиру ҷавон мазмуни амиқу ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи бузургони фарҳангу адабро парвариш намудааст.

“Нақш дар маҷро” – сеюмин китоби рӯзноманигори маъруф Зулолаи Нур

 Чашмам имрӯз ба ин китоб афтод, ки гулчине аз мусоҳибаҳои Зулолаи Нур (Мушкинисо Хоҷаева)  – журналисти соҳибноми тоҷик дар он гирдоварӣ шуда буданд. Китоб соли 2016 чоп шуда будааст ва як силсила суҳбатҳои хеле шавқовару ҷолиби муаллифро дар бар мегирад. Дар як нишаст бештари ин мусоҳибаҳоро хондам ва хостам онро ба хонандагони толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тавсия диҳад. “Нақш дар маҷро”  сеюмин китоби Зулолаи Нур аст. То ин замон китобҳои вай бо номҳои  «Марг ва ҳаёт» (2011) ва «Роҳ ба сўи худ» ба нашр расида буданд.

 

Китоби нав: “Музыкальные инструменты в системе искусства Шашмакома”

​ Монографияи “Созҳои миллӣ дар низоми санъати Шашмақом” (русӣ) ба яке аз мавзўъҳои муҳими омўзиши созҳои халқии мардуми Осиёи Марказӣ бахшида шуда, аз тарафи номзади илмҳои санъатшиносӣ М. Эшонқулов таълиф гардидааст. Дар он ҳамаи ҷанбаҳои асбобҳои мусиқии халқии тоҷику ўзбек ба монанди танбўр, сато, дутор, рубоб, уд, чанг, най, дойра, ғиҷҷак ва ғайраҳо таҳлил шудаанд.

 Дар натиҷаи тадқиқотҳо, мушоҳидаҳо, таҳлилҳо хусусиятҳои омўзиши асбобҳои мусиқии мақом, сохт, муайян намудани ҷадвали овозҳо дар шакли алоҳида, машқ, ҳаракат, овозҳои ба худ хоси асбобҳои мусиқии ин минтақа дар замони муосир муайян гардидааст.

Ахтарони кинои тоҷик

​  Кист нахустин ҳунарпешае, ки симои зани тоҷикро дар экран иҷро кардааст? Киро аввалин бонуи ҳунари тоҷик дар синамо мешуморанд? 90 сол пеш коргардони маъруфи кинои тоҷику ўзбек Комил Ёрматов филми бадеии «Муҳоҷир»-ро таҳия карданӣ шуда, барои иҷрои нақши Майрам ҳунарпешаи Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ София Тўйбоеваро даъват мекунад.  

  Моҳи апрели соли 1934, дар кинотеатри «Комсомол»-и шаҳри Душанбе  нахустнамоиши филми «Муҳоҷир» барпо гардид. «Ман худамро хушбахт меҳисобидам, зеро дар кинои тоҷик чун нахустин ҳунарпешаи кино баромад кардам»- ба ёд оварда буд, актрисаи шинохта.

Пайки баҳорӣ

 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Торҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 № 742, ки тибқи он ба номгўйи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон банди нав, яъне «илмҳои санъатшиносӣ» ворид карда шудааст, дар назди раёсати Академия шуъбаи махсуси таҳқиқоти соҳаҳои  мухталифи ҳунарро таъсис дод ва инак тасмим гирифтааст, ки нашри маҷаллаи илмӣ-оммавии соҳавиро бо номи «Санъатшиносӣ» соле ду маротиба  роҳандозӣ намояд.

Муҳтавои маҷаллаи мазкур таҳқиқи минбаъдаи масоили 

Страницы