Рӯзи якуми соли нав ба зодрӯзи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 80 сол мешавад
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, шоир, носир ва рӯзноманигори варзида буда, охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба майдони адабиёт ворид гардидааст. Ӯ аз зумраи қаламкашонест, ки дар адабиёти навини тоҷик мавқеи босазо дорад. Ин сарояндаи ишқу ормонҳои миллат дар қатори чанд тан аз ҳамсолонаш, аз қабили М.Қаноат, Бозор, Лоиқ, А.Самадов ва дигарон, ки тавонистаанд, дар солҳои бозсозӣ руҳияи наву ичтимоиро шиносанд ва ифода намоянд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 1 январи соли 1940 дар деҳаи Бузкушаки ноҳияи Ховалинги РСС Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари шоир Ёдгор Қосимов ва модараш Азизмоҳи Юсуф деҳқонзодаҳо буданд. Онҳо дар қатори дигар деҳқонон охири солҳои чилум кӯчида ба қишлоқи Кадучӣ, колхози «Коммунизм», ноҳияи Арал (Восеъ) меоянд. Падару модари шоир аз аъзоёни фаъоли колхоз буданд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ овони ҷавонии худро дар ин деҳа мегузаронад. Ӯ соли 1947 ба мактаби миёнаи ба номи Энгельс дохил шуда, онро соли 1957 хатм менамояд. Онҳо дар оила як духтар ва чаҳор писар буданд. Пас аз марги падар тарбияи Шоҳмузаффар ба души модар ва бародари калони Абдулҳай меафтад. Пас аз соле модар низ аз дунё мегузарад ва тарбияи Шоҳмузаффар пурра ба дасти бародарон мемонад.
Баъди хатми мактаби миёна (1957) ба факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил мешавад ва онро соли 1962 хатм менамояд. Аз гуфтаҳои худи шоир бар меояд, ки чун ба шеъру рӯзноманигорӣ шавқ дошт, шеъру мақолаҳояш дар ин айём дар матбуоти даврӣ чоп мегарданд. Заминаҳои мустаҳкаме, ки шоирро ба шеъру адабиёт дилчасп намудаанд, ин айём мебошад. Чунонки аз гуфтаҳои яке аз беҳтарин дӯстон ва ҳамсабақони шоир А. Саъдуллоев бар меояд «… Шоҳмузаффар маҳбуби духтарони эҷодкори курси мо буд. Мазҳабшоҳ бошад, оғозгари ҳар гуна байтбараку базлагӯӣ ҳангоми дарс. Онҳо дарсҳоро ба зарурӣ, туфайлӣ ва беҳуда тақсим карда буданд. Ҳангоми дарсҳои беҳуда яке сатре навишта ба дигаре мефиристод. Варақ то охири дарс пушту рӯ аз андарзи манзум пур мешуд…»
Дар ин айём шеъру мақолаҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ чоп мешуданд ва баъди хатми донишгоҳ ӯро барои кор ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло Ҷумҳурият) даъват мекунанд. Дар ин рӯзнома ҳамчун ходим, мудири шуъбаи маданият, илм ва маишат, баъдҳо чун муҳаррири рӯзномаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кулоб, дар вазифаҳои корманди масъули Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб ва мудири шуъбаи назми нашрияи адабии «Садои шарқ» ва ниҳоят дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор карда, дар рушду инкишофи адабиёт, матбуот ва фарҳангу маънавияти тоҷик саҳми арзанда гузошт.
Ҳангоми дар Кӯлоб кор кардан борҳо аъзои Кумитаи вилоятии ҳизб, депутати Шӯрои вилоятии депутатҳои халқӣ (даъватҳои 10, 11, 12) интихоб мешавад. Раиси Иттифоқи журналистон ва раиси Ҷамъияти китобдӯстони вилояти Кӯлоб низ мегардад. Аз соли 1974 аъзои Иттифоқи нависандагон ва инчунин узви Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб мешавад. Аз соли 1992 то соли 2002 аъзои Кумитаи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абӯабдулои Рӯдакӣ низ буд.
Аввалин шеъри Ш.Ёдгорӣ дар вақти мактабхонӣ соли 1956 ба табъ расидааст. Чи хеле ки дар боло қайд гардид, аз овонӣ донишҷӯӣ шоир пайваста ҳамкориҳояшро бо матбуот ва радио мустаҳкам менамояд. Махсусан шеърҳояш дар маҷаллаҳои «Садои шарқ», «Хорпуштак», «Занони Тоҷикистон» ва ғайра муттасил чоп мешуданд. Ҳамчунин дар ин солҳо чанде аз ашъори рангину баландғояаш дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Гулистони умед» (с.1962), «Мужда» (с.1963), «Наврӯзӣ» (с.1968), «Роҳи каҳкашон» (с.1974), «Шасти инқилоб» (с.1977) ва ғайра ба табъ мерасанд.
Гарчанде эҷодиёти шоир аз солҳои 60-уми асри гузашта шурӯъ шуда бошад ҳам, вале аввалин маҷмӯаи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ соли 1970 бо номи «Як шоха гул» ба табъ расид. Ин маҷмуа барои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чун нахустфарзанд боқадру қиммат арзёбӣ мегардад. Шеърҳои офаридаи шоир пур аз ҳисиёти баланд, пур аз ғурури ҷавонӣ, пур аз покизагӣ ва ҷавонмардӣ, пур аз вафодорӣ ва фидокорист. Чунон ки дар шеъри «Умед» чунин менигорад:
Бори дигар бикушо чашм нигар,
Сурати кор ба чи фарҷом аст.
Он чӣ аз кошта бардоштаӣ,
Худ бичаш:
пухта ва ё ки хом аст.
Дар аввалин маҷмӯаи шеър Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар байни шоирон ва дӯстдорони шеър маҳбубият пайдо мекунад. Шеърҳои машҳури шоир, ки дар аввалин маҷмӯа ба дили хонанда фараҳмандиро пайдо мекунад ин «Суруди гулфурушӣ», «Асои пирӣ» ва ғайраҳо. Масалан дар шеъри «Суруди гулфурушӣ», шоир аз хиромиданҳои маъшуқа ба шур омада, ба чидани гул ва таклифи маъшуқа ба гулчинӣ менамояд:
Биё, эй духтари хушрӯ,
Зи ман асло магардон рӯ,
Зи дасти Ёдгорӣ ҳам
Бигир бӯ кун, гули хушбӯ
Дар шеъри дигари маҷмӯа шоир ишқи покро дар муқобили ҳавою ҳаваси ҷавонӣ мегузорад ва меҳри ду дилдодаи ба пирӣ расидаро, ки дар ҳаёти пурбор ишқи онҳо тозаву пок нигоҳ дошта шудааст таблиғ мекунад, мисол меорад, ибрат медиҳад.
Андоз назар ба пиру кампир,
Андоз назар, бубин, сабақ гир.
Дар роҳ, нигар, чи сон равонанд.
Гӯё, ки ба ҳам чу ҷисму ҷонанд.
Ҳамин тавр нахустмаҷмӯаи бо забони русӣ омодакардаи шоир таҳти унвони «Порог деҳканина» (с.1977) дар Москва, дар нашрияи «Советский писатель» бо теъдоди калон аз чоп мебарояд ва ин шоири ҷавону боистеъдоди тоҷикро ба хонандаи умумииттифоқ шинос мекунад. Барои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ оғози нек, идомаи нек ва шаҳомати нек дар ин давр фаро мерасад. Дар матбуоти даврӣ кору фаъолият намуда, дар яке аз рӯзномаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ «Тоҷикистони советӣ» ифои вазифа намудан, ашъори мувофиқи табъу завқи хонанда ва давру замон пурмазмуну баландғоя чоп мекард. Маҷмӯаи шеърҳои «Як шоха гул» (с.1970), «Соҳили бахт» (1977), «Даргоҳи деҳқон» (с.1980), «Фарзандон» (с.1982), «Симои халқ» (с.1984), «Вохӯрии гуворо» (с.1985), «Ҳар тори мӯ вафоям» (с.1987), «Ишқи мо пири надорад» (с.1993), маҷмуаи очеркҳои «Сарбандакҳои сурх алвонҷ мехӯранд» (с.1985) ва ғайра паи ҳам тули ин солҳо аз он қабил офаридаҳои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ мебошанд, ки ба хонандаи хушзавқ бо як умеду самимияти беандоза зиёд пешниҳод гардидаанд. Дар ҳақиқатан ҳам шоир хонандаи хешро доштааст. Аз рӯзномаҳо бармеоянд, ки ба ҳар як маҷмуаи ба табърасидааш китобиёту андешаҳои хонандагон ва адабиётшиносон чоп мешуданд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ қариб дар ҳамаи жанрҳои адабӣ – ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, манзумаву достонҳои драмавӣ, ҳикояву жанрҳои гуногуни драматургия қувваозмоӣ намудааст.
«Ҳар тори мӯ вафоям» аз маҷмӯаи шеърии дар солҳои гуногун эҷодкардаи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ мебошад, ки ҷонбозии мардумро барои барқароркунии ҳукумати советӣ дар Тоҷикистон нишон дода, меҳнат, бародарии халқҳои онвақта ва дигаргуниҳои сарзамини Кӯлоби бостониро тараннум мекунад, бахшида шудааст. Инчунин дар ин маҷмӯа «Тир ба дили худ» достони драмавии шоир оварда шудааст, ки яке аз достонҳои машҳури шоир ҳисобида мешавад.
Фаъолияти эҷодии Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо тарҷумаи шеър низ бою рангин мегардад. Ӯ достонӣ «Сабақи аввалин» ва шеърҳои зиёди Яқуб Колас, бисёр ашъори О.Туманян, Қ.Кулиев, М.Ҷалил, Э.Охунова,А.Исаакян,А.Далчев,Б.Божилов, Файз А. И.Сафаралӣ ва дигар адибонро ба забони тоҷикӣ гардонидааст, ки онҳо аз табъу завқи баланди мутарҷим будани шоир гувоҳӣ медиҳанд.
Мавқеъ доштани достон дар ашъори Шоҳмузаффар Ёдгорӣ боз ҳам офаридаҳои ӯро ранги дигар мебахшанд. Таъкид менамоем, ки шоир танҳо бо ашъори ҷудогона маҳдуд нашудааст. Ҳам шеър таълиф мекард, ҳам ба эҷоди достону асарҳои калони манзуми драмавӣ даст мезад. Аввалин достони драмавии ӯ, ки шоир онро соли 1977 таълиф кардааст, «Захм » аст ва онро соли 1980 дар маҷмуаи ашъори «Даргоҳи деҳқон» чоп кунондааст. «Захм» драмаест, ки саропо эътироз аст ва дардҳои ҷомеа. Мавзӯи асосии достон нишон додани симои модари фарзандгумкарда ва занҳои бешавҳар, ки шавҳарони худро дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯзи фашисти аз даст додаанд мебошад. Достони «Захм» пеш аз ҳама идеяи бахту саодат ва озодии халқи мазлумро тарғиб мекунад. Шоир ба воситаи ин достон нишон додани мешавад, ки дар роҳи ёфтани бахту саодат халқи мазлуми тоҷик асрҳои аср чи қадар фарзандони худро аз даст додаст, вале ба ёфтани он бахту саодат, дар охир фоҷеаи нангине домангири ин ҳама бадбахтиҳо мегардад .
Тӯли солҳои эҷоди шоир боз достонҳои хеле калону пурмазмуни «Ман барои ҳамаам», «Фарзандон», «Рози ҷангал» ва достони хеле калони драмавиеро таҳти унвони «Тир ба дили худ» (с.1986) эҷод кардааст. Ин достон тоҷикро ба дарки ҳақиқати ҳаёти ба ном инқилобиаш ва номуси миллиаш водор менамояд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ мебошад. Ва мавсуф моҳи августи соли 2009 дар натиҷаи беморӣ дар беморхонаи «Қарияи боло» аз олам даргузашт.
Манбаъ ва адабиёти истифодашуда
- Ёдгорӣ, Ш. Як шоха гул [Матн]: Шеър. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 78 с.
- Ёдгорӣ, Ш. Даргоҳи деҳқон [Матн]: Шеър. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 117 с.
- Ёдгорӣ, Ш. Вохӯрии гуворо [Матн]: Шеър. – Душанбе: Маориф, 1985. – 64 с.
- Ёдгорӣ, Ш. Ҳар тори мӯ вафоям [Матн]: Шеър. – Душанбе: Адиб, 1987. – 143 с.
- Ёдгорӣ, Ш. Ҳеҷ кас монанди ман дилдода нест [Матн]: Шеър. – Душанбе: Ирфон, 2002. – 150 с.
- Ёдгорӣ, Ш. Маро бо чашми дил бинед [Матн]: Шеър. – Душанбе: Адиб, 2005. – 264 с.
- Сайдҷаъфаров, Ш., Қаландаров, А. Суханварест хушсалиқа ва покизарӯзгор [Матн] // Оламу одам. – 2004. – 17 май.
- Саъдуллоев, А. Адиби бедағдаға [Матн] // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 17 сентябр.
- Саъдуллоев, А. Дар авсофи рӯзирасон [Матн] // Садои мардум. – 2000. – 12 апрел.
Зафари Гулмурод,
муовини сардори Шуъбаи илмӣ-тадқиқотии
Китобхонаи миллӣ
Ин матлабро ҳам барои мутолиа тавсия медиҳем: Бародари ман – Шоҳмузаффар Ёдгорӣ