Роҳнамои иқлимшиносӣ
Нашр шуд 2017-02-28 09:50
Иқлимшиносӣ аз қадимитарин илмҳоест, ки башарият ба он таваҷҷуҳ дорад. То ин замон дар гӯшаву канори Сайёра шояд ҳазорҳо ҷилд китобҳои мухталиф оид ба шинохти иқлим таълиф ва чоп шудаанд, ки бо вуҷуди таълифоташон дар солҳои гуногун дорои аҳамияти вежаи илмиву пажуҳишӣ мебошанд.
Як чунин китобе бо номи “Справочник по климату СССР” мебошад, ки солҳои 1967-1968 чоп шудааст. Чуноне аз номаш пайдост, он маълумотнома дар бораи иқлими сартосари Иттиҳоди Шӯравист ва албатта, чун Тоҷикистон бахше аз ин кишвари паҳновар маҳсуб мешуд, бахшҳое дар бораи иқлими мамлакати мо низ ҷо дода шудааст.
Маълумотнома оиди иқлими Иттиҳоди Давлатҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ аз 34-нашр иборат аст, ки аз рўи барнома ва методи раёсати хизматрасонии гидрометеорологӣ тартиб дода шудааст. Ин барнома дар обсерваторияи гиофизикии ба номи А. И. Воейков қабул ва дар ретколегияи Г.У.Г. М.С. дар назди Шурои Вазирон бо раиси Азо-Корессподенти академияи илмҳои Иттиҳоди Давлаҳои Шуравӣ Сотсиалисти М. И. Будиков тасдиқ шудааст.
Ҳар як нашри «Маълумотнома оиди ба иқлими Иттиҳоди Давлатҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ» аз панҷ қисим иборат мебошанд. Онҳо оиди нишонаҳои махсуси иқлим дар алоҳидагӣ маълумот пешниҳод менамоянд:
қисми 1-шуоҳои офтобӣ, таъсири нурҳои ултрабунавш;
қисми 2- боду ҳаво;
қисми 3- шамол;
қисми 4-ҳавои намнок, миқдори боришу барф, қабати барф;
қисми 5-рутубат, абрнокӣ ва ҳодисаҳои муҳити атмосфера.
Дар нашри 9-уми «Маълумотнома оиди иқлими Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1968 аз чоп баромадаст, нисбати иқлими вилоятҳо маълумот медиҳад. Китоб оиди иқлим ва муҳити ҳар як Ҷумҳурии Иттиҳод ба таври муффасал маълумот медиҳад. Ҳаводорон ва муштариёни соҳаи табиатшиносӣ бо ин ганҷина аз махзани шуъбаи маълумотдиҳии библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуда метавонанд.
Шариф Наботов,
Мутахасси шуъбаи хизматрасонии библиографӣ