Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии эҳдои китобро бори аввал дар кишвар таҷлил намуд.
Баъди зуҳри дирӯз, 14-уми феврал дар толори хониши кӯдакон ба зумрае аз хонандагони хурдсоли Китобхона китоб туҳфа карданд.
Ҳамчунин баъшида ба ин рӯз дар гӯшае аз толор намоиши китоб ҳам ташкил шуд ва хонандагон бо теъдоде аз китобҳои тозанашри ноширони тоҷик ошно шуданд.
Иқдоми ҳадяи китоб аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шуд. Масъулин ба онҳо Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб будани ин рӯзро фаҳмониданд ва тавсия доданд, ки дар ин рӯз ба наздиконатон китоб туҳфа кунед.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тасмим гирифт дар оянда ин рӯзро густардатар ва бо тарҳрезии бармаи вежа таҷлил кунад.