“Роҳнамои довталаб...” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-02-04 14:19
Акнун довталабон метавонад бидуни муроҷиат ба Маркази милии тестӣ ҳам раҳнамоӣ ёбанд. Барои ин омадан ба Китохонаи миллӣ ва дархост кардани китобчаи “Роҳнамои довталаб: дастури иттилоотию методӣ” кофист, ки бо қоидаҳои қабул ба муассисаҳои оливу миёнаи махсуси кишвар шинос шаванд.
Ахиран Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобчаи «Роҳнамои довталаб: дастури иттилоотию методӣ”-ро ба Китобхона тақдим кард ва он бо ду забон иншо шуда, ҳама қонуну қоидаҳои қабули довталабон ба мактабҳои олиро дар бар мегирад.
Дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» маълумотномаест дар бораи раванду марҳала ва талаботу хусусиятҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) барои довталабон, инчунин омўзгорон, падару модарон ва дигар алоқамандони ин имтиҳонҳо мебошад.
Хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва дигар шахсони алоқаманд аз он маълумоти заруриро аз он метавонанд дарёфт кунанд.
Мавзуна Орумбекова,
Мудири бахши таҳлил
ва ташхиси адабиёт