КМТ: Дар соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуданд

Агентии миллии иттилоотии «Ховар» аз афзоиши сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ хабар дод. Гадобек Маҳмудов, Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфт, ки “дар  соли 2016 зиёда аз 22 ҳазор нафар ба узвияти Китобхона пазируфта шуда, теъдоди  умумии онҳо ба 105 ҳазор нафар расид. Дар соли равон дар Китобхона қариб 35 ҳазор нусха адабиёт ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллион сомонӣ харидорӣ гардида,  ба фонди Китобхона  наздик ба  25 ҳазор адабиёти тозанашр  ворид карда шуд.  Дар баробари ин Китобхонаи миллӣ  якчанд лоиҳаву  барномаҳоро таҳқиқу пешниҳод кард. Тибқи  ин лоиҳаҳо омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом барои пешравии фаъолияти касбии китобдорон  дар минтақаҳо аҳамияти калон дошт».

Идомаи матлаб: www.khovar.tj

Барчаспҳо: